Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаким Фузайлов: “Ба Непал танҳо барои пирӯзӣ омадаем”


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон имрӯз, 5-уми сентябр, дар даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 бо тими миллии Непал рақобат мекунад. Ин бозии гурӯҳи “F” дар шаҳри Катманду соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 14:15 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, пеш аз бозӣ бо мунтахаби Непал рӯзи 4-уми сентябр дар як нишасти хабарӣ гуфтааст, ки дастааш ба Катманду танҳо баҳри пирӯзӣ омадааст. Ӯ афзудааст, ”мутаассифона, мо дар ибтидои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ба нокомӣ дучор шуда, ду бозиро ба Яман дар меҳмонӣ ва Филиппин дар хона бохтем. Дар бозии севум дар назди мо танҳо як вазифа – ба даст овардани се имтиёз – гузошта шудааст ва ба ин васила мехоҳем худро дар назди мухлисонамон каме сафед кунем. Барои нигаҳ доштани шонси ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфтан, ба мо дар бозиҳои боқимондаи даври гурӯҳӣ пирӯз шудан зарур аст, варианти дигар надорем. Бачаҳо хуб мефаҳманд, мо дар вазъияте қарор дорем, ки дигар ҳуқуқи аз даст додани имтиёзҳоро надорем. Муҳим нест, ки мо бо кӣ бозӣ мекунем, зарур аст се имтиёз бигирем. Дар ҳама гуна бозӣ муқобили рақиб бояд хуб омода шавем. Ва танҳо дар ин маврид натиҷаи мусбатро интизор шудан мумкин аст. Дар бораи мунтахаби Непал иттилои кофӣ дорем ва бозиҳояшро муқобили Филиппин ва Яман тамошо кардаем. Ҳоло ҳама бозии футболро омӯхтаанд. Рақибамон моҳир аст.

Фатҳулло Фатҳуллоев, капитани мунтахаби Тоҷикистон, дар ин нишасти хабарӣ гуфтааст, ки даста ба майдон танҳо барои ба даст овардани се имтиёз пой мениҳад. “Мо бояд вазифаи ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2019 роҳхат гирифтанро ба ҷо биёрем. Бинобар ин, умедворем, ки корамон барор мегирад ва мо тамоми қувваамонро барои ноил шудан ба мақсади худ сафарбар мекунем”, - иброз доштааст Фатҳулло Фатҳуллоев.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар 19 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд. Дар миёни онҳо чаҳор легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия) ва Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) - ҳастанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон муқобили Непал:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду – ССКА «Помир»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Ҷаҳонгир Алиев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин дидораш дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 аз мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “F” 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад, ки мизбонии онро мунтахаби Яман бар ӯҳда дошт, барпо гардид. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон, ки 13-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд.

Ҷоми Осиё-2019. Мусобиқоти интихобӣ

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “F”: 1. ФИЛИППИН – 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 8-4). 2. ЯМАН – 4 имтиёз (2-1). 3. НЕПАЛ – 1 имтиёз (1-4). 4. ТОҶИКИСТОН – 0 имтиёз (4-6).

Ду дастаи беҳтарини ҳар як гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «F»:

Даври 3-юм

5 сентябр (сешанбе)

Непал – Тоҷикистон

Филиппин – Яман

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Непал

Яман – Филиппин

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал

XS
SM
MD
LG