Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми раиси FIAS чаҳор медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми раиси FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо), ки рӯзҳои 2-3 сентябр дар шаҳри Донҳэи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ ва самбои варзишӣ чаҳор медал (як тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бо ибтикори Федератсияи самбои Кореяи Ҷанубӣ ва дастгирии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) барои севумин бор барпо гардид, Тоҷикистонро се варзишгар – Разавӣ Навбаҳоров, Шаҳром Шералов ва Алиҷон Ҳусайнов -- намояндагӣ карданд.

Разавӣ Навбаҳоров соҳиби ду медал – як тилло ва як биринҷӣ -- гардид. Ӯ дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 57 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар гуштигири муғул Баяарсайхан Мунхбатар дастболо шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Медали дувумро, ки биринҷӣ аст, Навбаҳоров дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 57 кило ба даст овард.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шаҳром Шералов дар сабқати самбои размӣ дар вазни зери 68 кило баъди пирӯзӣ бар рақибаш Ҷинсук Ҷунги кореягӣ ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Николай Ковтуни русиягӣ мағлуб шуд ва медали нуқра гирифт. Алиҷон Ҳусайнов низ дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ дар вазни зери 68 кило ширкат кард ва медали биринҷӣ ба даст овард. Инчунин ӯ дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни зери 74 кило мақоми панҷумро касб намуд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ сардовари ин мусобиқаи байналмлалӣ Маҳмуд Абдуллоев, мутахассиси тоҷик, ки муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё ва узви кумитаи иҷроияи FIAS мебошад, рӯзи 4-уми сентябр аз шаҳри Донҳэ хабар дод. Ӯ гуфт, ки дар севумин давраи мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раиси FIAS беш аз 120 варзишгар аз Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Руминия, Русия, Тайван, Узбакистон, Ҳиндустон ва Ҷопон иштирок дошт.

“Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа президенти FIAS Василий Шестакови русиягӣ ба варзишгарон барори кор ва комёбиҳо орзу кард. Ба ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд, ба ҷуз медалу диплом, ҷоизаи молӣ ба маблағи 500 доллар (ҷойи аввал), 300 доллар (ҷойи дувум) ва 100 доллар (ҷойи севум) супурда шуд”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

Ғолибону ҷоизадорони Ҷоми раиси FIAS

Самбои врзишӣ

Занон

56 кг

1. ВИТСИНА Юлия (Русия)

2. ТЕРЕНОВА Aнастасия (Русия)

3. ЛИ Чиа-ю (Tайван)

3. АНДРИЕВСКАЯ A. (Русия)

60 кг

1. ПОРОИНЕАНУ Даниела (Руминия)

2. KИM ЁНГҲО (Kорея)

3. ҶАНГ Юҷин (Kорея)

3. ЛИТВИНТСЕВА Юлия (Русия)

64 кг

1. ВЕРЕДЕНКО Даря (Русия)

2. ХЕГАЛ Eкатерина (Русия)

3. КАНГ Сиоҷунг (Kорея)

3. ИОНЕСКУ Coдрина (Руминия)

Мардон

57 кг

1. ОЙДИНБОЕВ Kайирбердӣ (Қазоқистон)

2. БАБА Генки (Ҷопон)

3. ФЁДОРОВ Сергей (Русия)

3. НАВБАҲОРОВ Разавӣ (Tоҷикистон)

62 кг

1. AСАДУЛЛОЕВ Mироншоҳ (Узбакистон)

2. KИМ Владислав (Русия)

3. ОЛИМОВ Oтабек (Узбакистон)

3. ҲИГАШИ Taйсей (Ҷопон)

74 кг

1. ҶАНГ Ҷаеҳӣ (Kорея)

2. ЛИМ Ҷинҳо (Kорея)

3. ТАНГЕ Ямато (Ҷопон)

3. ЛИ Шао-канг (Tайван)

82 кг

1. ҶУМЪАЕВ Фаррух (Узбакистон)

2. ПОРТНЯГИН Данил (Русия)

3. Ҷабборов Беҳрӯзҷон (Узбакистон)

3. Ю Kуасанг (Kорея)

90 кг

1. СУРОВСЕВ Aнтон (Росия)

2. KИМ Сеунгён (Kорея)

3. ПАШУК Василий (Россия)

3. ГУ Ҳван (Kорея)

Самбои размӣ

57 кг

1. НАВБАҲОРОВ Разавӣ (Tоҷикистон)

2. БАЯРСАЙХАН Mунхбат (Mуғулистон)

3. ВОЙТОВ Денис (Русия)

3. ОЙДИНБОЕВ Kайирбердӣ (Қазоқистон)

62 кг

1. ОЛИМОВ Oтабек (Узбакистон)

2. АСАДУЛЛОЕВ Mироншоҳ (Узбакистон)

3. ЛИ Ҷунҳёк (Kорея)

68 кг

1. KOВТУН Николай (Русия)

2. ШЕРАЛОВ Шаҳром (Tоҷикистон)

3. ҶУНГ Ҷинсук (Kорея)

3. ҲУСАЙНОВ Aлиҷон (Tоҷикистон)

82 кг

1. ҶУМЪАЕВ Фаррух (Узбакистон)

2. ХАБАРОВ Aлексей (Русия)

3. ВАНУКХАНОВ Николай (Русия)

3. ШЕН Жи-ченг (Tайван)

XS
SM
MD
LG