Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки шоми 2-юми сентябр ба Катманду расид, ба бозии даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили мунтахаби Непал омодагӣ мебинад.
Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин дидораш дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 аз мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар, ки дар меҳмонхонаи “Ҳимолой” қарор дорад, имрӯз, 3-юми сентябр, таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов дар пойтахти Непал аввалин тамринашро ба анҷом расонд.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 19 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 6 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд. Дар миёни онҳо чаҳор легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия) ва Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) - ҳастанд.
Бозии даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи “F” миёни дастаҳои мунтахаби Непал ва Тоҷикистон 5-уми сентябр дар Катманду соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 14:15 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон муқобили Непал:
Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду – ССКА «Помир»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Ҷаҳонгир Алиев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»), Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд»).
Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин дидораш дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 аз мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “F” 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад, ки мизбонии онро мунтахаби Яман бар ӯҳда дошт, барпо гардид. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон, ки 13-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд.
Ҷоми Осиё-2019. Мусобиқоти интихобӣ
Гурӯҳи «F». Даври 1-ум
ЯМАН – ТОҶИКИСТОН – 2:1
Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 9 (0:1). Давронҷон Эргашев, 41 – ба дарвозаи худ (1:1). Ала Муҳаммад Абдулло Ал-Сасӣ, 63 (2:1).
Огоҳонида шуданд: Ала Аддин Маҳдӣ (Яман), Искандар Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).
28 март. Доҳа. Варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад. 380 тамошобин.
ФИЛИППИН – НЕПАЛ – 4:1
Голҳо: Филипп Ҷеймс Янгхасбенд, 21 – аз пеналтӣ (1:0). Филипп Ҷеймс Янгхасбенд, 23 (2:0). Иан Рамсей, 27 (3:0). Бишал Рай, 45+1 (3:1). Хавйер Патинйо, 73 (4:1).
Аз майдон хориҷ шуд: Бикрам Лама (Непал), 12 – вайрон кардани қоидаи бозӣ «умеди охирин».
28 март. Манила. Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал. 1715 тамошобин.
Даври 2-юм
ТОҶИКИСТОН – ФИЛИППИН – 3:4
Голҳо: Филипп Ҷеймс Янгхазбанд, 28 (0:1). Хавйер Патинйо, 41 (0:2). Хавйер Патинйо, 48 (0:3). Парвизҷон Умарбоев, 57 – аз пеналтӣ (1:3). Дилшод Восиев, 61 (2:3). Дайсуке Сато, 79 (2:4). Манучеҳр Ҷалилов, 90 (3:4).
Огоҳонида шуданд: Майк Отт, Дайсуке Сато, Кевин Ингресо, Патрик Филипп Дейто (Филиппин).
13 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 15 000 тамошобин.
НЕПАЛ – ЯМАН – 0:0
13 июн. Катманду. Варзишгоҳи «Халчоук». 700 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “F”: 1. ФИЛИППИН – 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 8-4). 2. ЯМАН – 4 имтиёз (2-1). 3. НЕПАЛ – 1 имтиёз (1-4). 4. ТОҶИКИСТОН – 0 имтиёз (4-6).
Ду дастаи беҳтарини ҳар як гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «F»:
Даври 3-юм
5 сентябр (сешанбе)
Непал – Тоҷикистон
Филиппин – Яман
Даври 4-ум
10 октябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Непал
Яман – Филиппин
Даври 5-ум
14 ноябр (сешанбе)
Тоҷикистон – Яман
Непал – Филиппин
Даври 6-ум
27 марти соли 2018 (сешанбе)
Филиппин – Тоҷикистон
Яман – Непал