Пайвандҳои дастрасӣ

Се медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми раиси FIAS


Разавӣ Навбаҳоров бо Маҳмуд Абдуллоев

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми раиси FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо), ки рӯзи 2-юми сентябр дар шаҳри Донҳэи Кореяи Ҷанубӣ шуруъ шуд, дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ се медал – як тилло, як нуқра ва як биринҷӣ – ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ Тоҷикистонро се варзишгар – Разавӣ Навбаҳоров, Шаҳром Шералов ва Алиҷон Ҳусайнов – намояндагӣ мекунанд.

Ҳарсе паҳлавони тоҷик рӯзи 3-юми сентябр дар шаҳри Донҳеи Кореяи Ҷанубӣ дар намуди самбои варзишӣ барои Ҷоми раиси FIAS талош мекунанд.

Разавӣ Навбаҳоров дар вазни зери 57 кило, ки бар асоси қуръакашӣ дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар паҳлавони қазоқ Кайирбердӣ Ойдинбоев пирӯз шуд ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар қувваозмоии ҳалкунанда гуштигири муғул Баяарсайхан Мунхбатарро шикаст дод ва барои ҷойи аввал бо медали тилло мукофотонида шуд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Шаҳром Шералов ба рақобат дар вазни зери 68 кило аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ баъди пирӯзӣ бар рақибаш Ҷинсук Ҷунги кореягӣ ба финал баромад, вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Николай Ковтуни русиягӣ мағлуб шуд ва барои ҷойи дувум соҳиби медали нуқра гардид. Алиҷон Ҳусайнов низ дар рақобатҳо дар вазни зери 68 кило ширкат дошт. Ӯ барои ҷойи севум медали биринҷӣ гирифт.

Сардовари ин мусобиқаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, мутахассиси тоҷик, рӯзи 3-юми сентябр аз шаҳри Донҳэ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми раиси FIAS беш аз 120 варзишгар аз Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Малайзия, Муғулистон, Непал, Руминия, Русия, Тайван, Узбакистон, Ҳиндустон ва Ҷопон иштирок дорад. Ӯ афзуд, “дар маросими ифтитоҳи мусобиқа президенти FIAS Василий Шестаков ба варзишгарон барори кор ва комёбиҳо орзу кард. Ба ғолибон ва онҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро соҳиб шуданд, ба ҷуз медалу диплом, ҷоизаи молӣ ба маблағи 500 доллар (ҷойи аввал), 300 доллар (ҷойи дувум) ва 100 доллар (ҷойи севум) супурда шуд.”

Ба қавли Маҳмуд Абдуллоев, ҳарсе паҳлавони тоҷик - Разавӣ Навбаҳоров, Шаҳром Шералов ва Алиҷон Ҳусайнов – имрӯз, 3-юми сентябр, дар шаҳри Донҳеи Кореяи Ҷанубӣ дар намуди самбои варзишӣ барои Ҷоми раиси FIAS талош мекунанд.

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали Ҷоми раиси FIAS
Самбои
варзишӣ
Занон

56 кг
1. ВИТСИНА Юлия (Русия)
2. ТЕРЕНОВА Aнастасия (Русия)
3. ЛИ Чиа-ю (Tайван)
3. АНДРИЕВСКАЯ A. (Русия)

64 кг
1. ВЕРЕДЕНКО Даря (Русия)
2. ХЕГАЛ Eкатерина (Русия)
3. КАНГ Сиоҷунг (Kорея)
3. ИОНЕСКУ Coдрина (Руминия)

Мардон
62 кг
1. AСАДУЛЛОЕВ Mироншоҳ (Узбакистон)
2. KИМ Владислав (Русия)
3. ОЛИМОВ Oтабек (Узбакистон)
3. ҲИГАШИ Taйсей (Ҷопон)

82 кг
1. ҶУМЪАЕВ Фаррух (Узбакистон)
2. ПОРТНЯГИН Данил (Русия)
3. Ҷабборов Беҳрӯзҷон (Узбакистон)
3. Ю Kуасанг (Kорея)

Самбои размӣ
57 кг
1. НАВБАҲОРОВ Разавӣ (Tоҷикистон)
2. БАЯРСАЙХАН Mунхбат (Mуғулистон)
3. ВОЙТОВ Денис (Русия)
3. ОЙДИНБОЕВ Kайирбердӣ (Қазоқистон)

68 кг
1. KOВТУН Николай (Русия)
2. ШЕРАЛОВ Шаҳром (Tоҷикистон)
3. ҶУНГ Ҷинсук (Kорея)
3. ҲУСАЙНОВ Aлиҷон (Tоҷикистон)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG