Варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи 29-уми ҷаҳонии тобистона, ки аз 19-ум то 30-юми август дар шаҳри Тайпейи Тайван баргузор шуд, бе медал монданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгари донишҷӯ дохил буд, ки дар рақобатҳо оид ба ҷудо, варзиши сабук ва тенниси рӯи миз иштирок карданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 101 медал (37 тилло, 27 нуқра, 37 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд.
Дар сабқати ҷудо Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни зери 73 кило дар аввалин қувваозмоияш бар варзишгари русиягӣ Лечи Эдиев пирӯз гашт, вале дар даври баъдӣ аз рақиби аргентиниаш Алеҷандро Ферер Клара шикаст хӯрд.
Чаҳор варзишгари дигари тоҷик дар навъҳои мухталифи варзиши сабук рақобат кард. Шӯҳрат Усмонов дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 54,59 сония дар гурӯҳи худ дар ҷойи охирин – ҳафтум - қарор гирифт. Фаридун Ашӯров дар мусобиқаи интихобӣ оид ба гулӯлапартоӣ дар гурӯҳи “В” бо натиҷаи 12,23 метр дар байни 11 нафар мақоми даҳумро ишғол кард ва ба даври баъдӣ роҳ наёфт. Инчунин ӯ дар ҳаво додани диск натиҷае нишон надод. Абдурауф Мӯсоев низ дар сабқати пешакии гурзандозӣ дар гурӯҳи худ бо натиҷаи 53,38 метр дар ҷойи охирин – даҳум - қарор гирифт. Ӯ ҳам аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум гашт. Ҳусниддин Зарифов дар сабқати интихобӣ дар ҷаҳидан ба баландӣ бо натиҷаи 2 метру 5 сантиметр дар гурӯҳи “А” дар байни 13 нафар мақоми 11-умро гирифт ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои Универсиада маҳрум шуд.
Ду донишҷӯи тоҷик – Заррина Шарифова ва Шаҳноза Баротова - дар мусобиқаи тенниси рӯи миз иштирок карданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ дар даврҳои муқаддамотӣ Заррина аз Малак Хоурӣ (Лубнон) бо ҳисоби 1:3 ва Константина Паридӣ (Юнон) бо ҳисоби 0:3, Шаҳноза бошад, аз Антонг Ангел Занг (Австралия) бо ҳисоби 0:3 ва Наи Хинг Ҷианг (Зеландияи Нав) бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрданд.
Дар Универсиадаи 29-уми ҷаҳонии тобистона намояндагони 140 кишвар аз рӯи 21 намуди варзиш барои 275 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Варзишгарони 66 кишвар бо медалҳо мукофотонида шуданд ва намояндагони 43 кишвар барандагони нишонҳои тилло гардиданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 101 медал (37 тилло, 27 нуқра, 37 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 82 медал (30-22-30) дар мақоми дувум ва мунтахаби Тайван бо касби 90 медал (26-34-30) дар мақоми севум қарор гирифтанд.
Дар байни даҳгонаи беҳтарин, инчунин Русия бо касби 94 медал (25 тилло, 31 нуқра, 38 биринҷӣ – ҷойи чорум), Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 51 медал (16-19-16 – ҷойи панҷум), Украина бо касби 36 медал (12-11-13 – ҷойи шашум), Кореяи Шимолӣ бо касби 23 медал (12-5-6 – ҷойи ҳафтум), Италия бо касби 32 медал (9-6-17 – ҷойи ҳаштум), Чин бо касби 17 медал (9-6-2 – ҷойи нӯҳум) ва Эрон бо касби 23 медал (8-4-11 – ҷойи даҳум) ҷойгир шуданд.
Аз ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия ва Украина, боз варзишгарони нӯҳ кишвар бо медалҳои Универсиадаи Тайбей мукофотонида шуданд:
- Қазоқистон 16 медал (3 тилло, 6 нуқра, 7 биринҷӣ) – ҷойи 21-ум,
- Беларус 9 медал (3 тилло, 4 нуқра, 2 биринҷӣ) – ҷойи 22-юм,
- Озарбойҷон 8 медал (3 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ) – ҷойи 24-ум,
- Литва 7 медал (3 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ) – ҷойи 25-ум,
- Арманистон 6 медал (3 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) – ҷойи 26-ум,
- Қирғизистон 1 медал (1 тилло, 0 нуқра, 0 биринҷӣ) – ҷойи 41-ум,
- Латвия 3 медал (0 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) – ҷойи 49-ум,
- Эстония 1 медал (0 тилло, 1 нуқра, 0 биринҷӣ) – ҷойи 53-юм,
- Молдова 1 медал (0 тилло, 0 нуқра, 1 биринҷӣ) – ҷойи 62-юм.
Вале аз ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон медал нагирифтанд. Дастаи Гурҷистон дар Универсиада иштирок накард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2013 дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия бо шумули 45 варзишгар дар нӯҳ риштаи варзиш ширкат карда, панҷ медал гирифта буд.
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби Қазоқистон пурнуфузтарин буд. Ба ҳайати ин даста 122 варзишгар (67 мард ва 55 зан) шомил буд, ки дар мусобиқот аз рӯи 13 намуд ширкат варзиданд. Ба ҳайати мунтахаби Узбакистон 28 варзишгар (22 мард ва 6 зан, 5 намуд – гимнастикаи варзишӣ, ҷудо, таэквондо, теннис, вазнабардорӣ), Қирғизистон 7 варзишгар (5 мард ва 2 зан, се намуд – варзиши сабук, ҷудо, таэквондо), Тоҷикистон 7 варзишгар (5 мард ва 2 зан, се намуд – варзиши сабук, ҷудо, тенниси рӯи миз) ва Туркманистон 4 варзишгар ( 3 мард – вазнабардорӣ, 1 мард - ушу) дохил буданд.
Бояд тазаккур дод, дар Универсиадаи ҷаҳонӣ, ки дар ҳар ду сол барпо мегардад, асосан варзишгарони донишҷӯ аз кишварҳои олам ширкат меварзанд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2013 дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия бо шумули 45 варзишгар дар нӯҳ риштаи варзиш ширкат карда, панҷ медал гирифта буд. Дар гуштии камарбандӣ Абдуазим Бойназаров бо медали нуқра, Маҳмад Миров ва Гуландом Қаробоева бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар риштаи самбо Комроншоҳи Устопириён бо медали нуқра ва Нусратшоҳ Имомов бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.
Дар Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии тобистона, ки соли 2015 дар шаҳри Кванҷуи Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, Тоҷикистонро се варзишгар -Моҳрӯ Ҳалимова, Фарзона Раҷабова ва Суман Раҷабова - дар риштаи таэквондо WTF намояндагӣ карданд, вале онҳо аз медалҳои Универсиада бенасиб монданд.