Мусобиқаи байналмилалӣ миёни духтарони зери 15-сола барои кишварҳои аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ («CAFA U-15 Girls Tournament 2017») бо пирӯзии мунтахаби Узбакистон ба поён расид.
Дар ин мусобиқа, ки рӯзҳои 27-29 август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд, дастаҳои мунтахаби духтаронаи чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон ва Қирғизистон -- ширкат доштанд.
Бар асоси дастур мусобиқаи «CAFA U-15 Girls Tournament 2017» аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор шуд. Ғолиб мувофиқи имтиёзҳои зиёди ба даст овардааш маълум гардид. Дар доираи ин мусобиқа ҳамагӣ шаш бозӣ доир гашт.
Бозиҳои даври охирини мусобиқа, ки 29-уми август баргузор шуданд, дастаи ғолиб ва ҷоизадонро муайян карданд. Бозии ҳалкунанда миёни дастаҳои Узбакистон ва Эрон сурат гирифт. Бозӣ бо ҳисоби 2:0 ба нафъи футболбоздухтарони Узбакистон хотима ёфт. Ба ин тартиб, мунтахаби Узбакистон, ки дар ҳарсе бозӣ пирӯзӣ ба даст овард, бо нӯҳ имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд.
Мунтахаби Эрон бо чаҳор имтиёз мақоми дувумро касб намуд. Мунтахаби Тоҷикистон, ки пас аз ду бохт дар бозии охирин дастаи Қирғизистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бо се имтиёз мақоми севумро азони худ кард.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа, ки шаби сешанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо гардид, ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо медалу ҷому дипломҳо мукофотонида шуданд. Инчунин беҳтарин бозигарони мусобиқа бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд. Фотима Эҷодӣ аз тими Эрон беҳтарин дарвозабон, капитани мунтахаби Узбакистон Тоҷинисохон Рашидова беҳтарин нишонзан ва ҳамдастааш Диёра Эркинова беҳтарин бозигари ин мусобиқа эълон шуданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин дувумин мусобиқае буд, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тоҷикистон доир шудааст. Моҳи июли соли равон дар Ҳисор мусобиқаи наврасони зери 15-сола бо ширкати дастаҳои мунтахаби кишварҳои аъзои CAFA доир шуда буд.
CAFA U-15 Girls Tournament 2017
Даври 1-ум
27 август (якшанбе)
Тоҷикистон – Узбакистон – 2:8
Эрон – Қирғизистон – 0:0
Даври 2-юм
28 август (душанбе)
Қирғизистон – Узбакистон – 0:3
Эрон – Тоҷикистон – 3:1
Даври 3-юм
29 август (сешанбе)
Узбакистон – Эрон - 2:0
Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:0
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Узбакистон |
3 |
3 |
0 |
0 |
13-2 |
9 |
2 |
Эрон |
3 |
1 |
1 |
1 |
3-2 |
4 |
3 |
Тоҷикистон |
3 |
1 |
0 |
2 |
4-11 |
3 |
4 |
Қирғизистон |
3 |
0 |
1 |
2 |
0-4 |
1 |