Дар арафаи таҷлил аз Иди Қурбон дар ҳудуди шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши чорвои хурд таъсис шудааст. Илҳомиддин Булбулов, сардори шӯъбаи таъминот ва захираҳои ҳукумати шаҳри Душанбе, рӯзи 29-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нархи гӯсфанд дар ин ярмаркаҳо нисбат ба бозор аз 25 то 30 дарсад арзонтар аст. "Агар арзон намебуд, имрӯз дар гирду атрофи чорво ин қадар мардум ҷамъ намешуд", - гуфт ӯ.
Дар шаҳри Душанбе барои бори аввал аст, ки фурӯш ва забҳи чорвои қурбонӣ таҳти назорати мақомоти шаҳрдорӣ сурат мегирад.
Дар се нуқта ё ярмаркаи фурӯши чорво дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳар рӯз тақрибан 400 гӯсфанд ба фурӯш меравад. Чорвое, ки дар ин ярмаркаҳо тиҷорат мешаванд, мустақим аз чарогоҳҳои шарқи Тоҷикистон ба бозор ворид карда мешавад. Чорводорон мегӯянд, як кило гӯшти чорвои зиндаро дар ин ярмаркаҳо то 30 сомонӣ мефурӯшанд.
Илҳом Сафаров, яке аз чорвопарварон гуфт, аз чаҳор рӯз ба ин тараф дар чанд нуқтаи шаҳр, аз ҷумла дар маҳаллаҳои маъруф ба "Микрорайони 33", "Мясокомбинат" ва наздикии Маркази гармидиҳӣ, чорвоҳоро ба фурӯш мегузоранд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Маъмулан як ҳафта қабл аз Иди Қурбон сокинон ба хариди чорво, барои забҳ ва анҷоми қурбонӣ, оғоз мекунанд. Дар гузашта сокинони шаҳр хориҷ аз ҳудуди пойтахт, дар бозорҳои чорвофурушӣ ва дар рӯзҳои истироҳатӣ чорво харидорӣ мекарданд.
Акрам Турсунзода, як сокини шаҳри Душанбе гуфт, ки имрӯз ӯ як гӯсфандро барои қурбонӣ ба маблағи 900 сомонӣ харидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин гӯсфандон дар бозорҳои дигар ба маблағи то 1300 сомонӣ фурӯхта мешаванд.
Таърихи Иди Қурбон мушаххас шуд
Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи таҷлили Иди Қурбонро дар Тоҷикистон 1-уми сентябр таъин кард.
Бегалӣ Неъматов, сокини дигари шаҳри Душанбе мегӯяд, ки қимати гӯсфандҳои калон соли гузашта аз 1700-1800 сомонӣ кам набуд ва ҳатто бо 2000-2300 сомонӣ ба фурӯш мерафт. Аммо ба гуфтаи вай имсол як гӯсфандро назар ба соли гузашта қариб 60 фоиз арзонтар харидорӣ кардааст.
Шаҳрдории Душанбе ба мақомоти маҳалли ноҳияҳои пойтахт, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати назорати давлатии байторӣ дастур додааст, ки бо ҷалби раисони маҳаллаҳои шаҳри Душанбе ҷойҳои муваққатии забҳи чорворо таъсис диҳанд. Ин дар шаҳри Душанбе барои бори аввал аст, ки фурӯш ва забҳи чорвои қурбонӣ дар Иди Қурбон таҳти назорати мақомоти шаҳрдорӣ гирифта мешавад.