Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти футболбоздухтарони тоҷик ба тими Эрон


Дар мусобиқаи байналмилалӣ миёни духтарони зери 15-сола барои кишварҳои аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ («CAFA U-15 Girls Tournament 2017»), ки дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ҷараён дорад, рӯзи 28-уми август бозиҳои даври дувум баргузор шуданд.

Нахуст дастаҳои мунтахаби Узбакистон ва Қирғизистон рақобат карданд. Ин бозӣ бо пирӯзии футболбоздухтарони Узбакистон бо ҳисоби 3:0 хотима ёфт. Дар бозии дигар мунтахаби Эрон дастаи Тоҷикистонро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор то рӯзи 29-уми август идома меёбад, дастаҳои мунтахаби духтаронаи чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон ва Қирғизистон – ширкат доранд.

Бар асоси дастур мусобиқаи «CAFA U-15 Girls Tournament 2017» аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Ғолиб мувофиқи имтиёзҳои зиёди ба даст овардааш маълум хоҳад шуд. Дар доираи ин мусобиқа ҳамагӣ шаш бозӣ барпо мегардад.

Бозиҳои даври севуми мусобиқа, ки имрӯз, 29-уми август, баргузор мешаванд, дастаи ғолиб ва ҷоизадонро муайян хоҳад кард. Бозӣ миёни дастаҳои Узбакистон ва Эрон соати 18:00 оғоз меёбад. Баъдан соати 21:00 дар майдони Варзишгоҳи марказии Ҳисор футболбоздухтарони Тоҷикистону Қирғизистон рақобат мекунанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин дувумин мусобиқаест, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тоҷикистон доир шудааст. Моҳи июли соли равон дар Ҳисор мусобиқаи наврасони зери 15-сола бо ширкати дастаҳои мунтахаби кишварҳои аъзои CAFA доир шуда буд.

CAFA U-15 Girls Tournament 2017

Даври 1-ум

27 август (якшанбе)

Тоҷикистон – Узбакистон – 2:8

Эрон – Қирғизистон – 0:0

Даври 2-юм

28 август (душанбе)

Қирғизистон – Узбакистон – 0:3

Эрон – Тоҷикистон – 3:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Узбакистон

2

2

0

0

11-2

6

2

Эрон

2

1

1

0

3-0

4

3

Қирғизистон

2

0

1

1

0-3

1

4

Тоҷикистон

2

0

0

2

2-11

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 3-юм

29 август (сешанбе)

18:00 – Узбакистон – Эрон

21:00Тоҷикистон – Қирғизистон

XS
SM
MD
LG