Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти Тоҷикистон аз Узбакистон ва мусовии Қирғизистон бо Эрон


Мусобиқаи байналмилалӣ миёни духтарони зери 15-сола барои кишварҳои аъзои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ («CAFA U-15 Girls Tournament 2017») рӯзи 27-уми август дар Ҳисор шуруъ шуд.

Дар ин мусобиқа, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор то рӯзи 29-уми август идома меёбад, дастаҳои мунтахаби духтаронаи чаҳор кишвар – Тоҷикистон, Эрон, Узбакистон ва Қирғизистон – ширкат доранд.

Бар асоси дастур мусобиқаи «CAFA U-15 Girls Tournament 2017» аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Ғолиб мувофиқи имтиёзҳои зиёди ба даст овардааш маълум хоҳад шуд. Дар доираи ин мусобиқа ҳамагӣ шаш бозӣ барпо мегардад.

Дар рӯзи аввали мусобиқа нахуст дастаҳои мунтахаби Эрон ва Қирғизистон рақобат карданд. Ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Дар бозии дигар мунтахаби Узбакистон дастаи Тоҷикистонро бо ҳисоби бузурги 8:2 шикаст дод.

Бозиҳои даври дувуми мусобиқа имрӯз, 28-уми август, баргузор мешаванд. Бозӣ миёни дастаҳои Қирғизистон ва Узбакистон соати 18:00 оғоз меёбад. Баъдан соати 21:00 ба майдони Варзишгоҳи марказии Ҳисор футболбоздухтарони Тоҷикистону Эрон пой мениҳанд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин дувумин мусобиқаест, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дар Тоҷикистон доир шудааст. Моҳи июли соли равон дар Ҳисор мусобиқаи наврасони зери 15-сола бо ширкати дастаҳои мунтахаби кишварҳои аъзои CAFA доир шуда буд.

CAFA U-15 Girls Tournament 2017

Даври 1-ум

ТоҷикистонУзбакистон – 2:8

ЭронҚирғизистон – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди натиҷагирии даври аввал чунин аст: 1. Узбакистон – 3 имтиёз ( таносуби тӯбҳо – 8-2). 2. Қирғизистон – 1 имтиёз (0-0). 3. Эрон – 1 имтиёз (0-0). 4. Тоҷикистон – 0 имтиёз (2-8).

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

28 август (душанбе)

18:00 Қирғизистон – Узбакистон

21:00 – Эрон– Тоҷикистон

Даври 3-юм

29 август (сешанбе)

18:00 – Узбакистон – Эрон

21:00Тоҷикистон – Қирғизистон

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG