Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Осиё-2019. Рӯйхати бозигарони мунтахаби Тоҷикистон эълон шуд


Ҳаким Фузайлов, сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, рӯйхати бозигаронеро, ки барои омодагии даста ба бозии даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 муқобили мунтахаби Непал даъват шудаанд, эълон кард.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин дидораш дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 аз мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ба иттилои мақомоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби кишвар таҳти раҳбарии сармураббӣ Ҳаким Фузайлов омодагиро ба бозии гурӯҳи “F” бо мунтахаби Непал рӯзи 28-уми август шуруъ мекунад. Ба дастаи мунтахаб 22 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 2 ҳамлагар – даъват шудаанд.

Дар миёни даъватшудаҳо чаҳор легионер – дарвозабон Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), ҳимоятгарон Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия) ва Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), инчунин нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон) - ҳастанд.

Дар доираи омодагӣ ба бозӣ муқобили Непал мунтахаби Тоҷикистон бо мунтахаби бошгоҳҳои ҷумҳурӣ бозии контролӣ анҷом медиҳад. Ин бозии санҷишӣ рӯзи панҷшанбе, 31-уми август, дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Бозии даври севуми мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи “F” миёни дастаҳои мунтахаби Непал ва Тоҷикистон 5-уми сентябр дар Катманду соати 15:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 14:15 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон муқобили Непал:

Дарвозабонҳо: Абдуазиз Маҳкамов («Олой», Қирғизистон), Қурбоналӣ Бобоев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Искандар Ҷалилов («Балтика», Русия), Давронҷон Эргашев («Тараз», Қазоқистон), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Ойбек Абдуғаффоров (ҳама – «Истиқлол»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду – ССКА «Помир»);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғористон), Ҷаҳонгир Алиев, Муҳаммадҷони Ҳасан, Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе (ҳама – «Истиқлол»), Ҷаҳонгир Эргашев, Хуршед Бекназаров (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов, Дилшод Восиев (ҳарду – «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар нахустин дидораш дар рақобатҳои муқаддамотии Ҷоми Осиё-2019 аз мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ин бозии даври аввали гурӯҳи “F” 28 март дар пойтахти Қатар – Доҳа, дар варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад, ки мизбонии онро мунтахаби Яман бар ӯҳда дошт, барпо гардид. Футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон, ки 13-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, аз мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрданд.

Ҷоми Осиё-2019. Мусобиқоти интихобӣ

Гурӯҳи «F». Даври 1-ум

ЯМАН – ТОҶИКИСТОН – 2:1

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 9 (0:1). Давронҷон Эргашев, 41 – ба дарвозаи худ (1:1). Ала Муҳаммад Абдулло Ал-Сасӣ, 63 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Ала Аддин Маҳдӣ (Яман), Искандар Ҷалилов, Давронҷон Эргашев (Тоҷикистон).

28 март. Доҳа. Варзишгоҳи Суҳейм Бин Ҳамад. 380 тамошобин.

ФИЛИППИН – НЕПАЛ – 4:1

Голҳо: Филипп Ҷеймс Янгхасбенд, 21 – аз пеналтӣ (1:0). Филипп Ҷеймс Янгхасбенд, 23 (2:0). Иан Рамсей, 27 (3:0). Бишал Рай, 45+1 (3:1). Хавйер Патинйо, 73 (4:1).

Аз майдон хориҷ шуд: Бикрам Лама (Непал), 12 – вайрон кардани қоидаи бозӣ «умеди охирин».

28 март. Манила. Варзишгоҳи ба номи Хосе Рисал. 1715 тамошобин.

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – ФИЛИППИН – 3:4

Голҳо: Филипп Ҷеймс Янгхазбанд, 28 (0:1). Хавйер Патинйо, 41 (0:2). Хавйер Патинйо, 48 (0:3). Парвизҷон Умарбоев, 57 – аз пеналтӣ (1:3). Дилшод Восиев, 61 (2:3). Дайсуке Сато, 79 (2:4). Манучеҳр Ҷалилов, 90 (3:4).

Огоҳонида шуданд: Майк Отт, Дайсуке Сато, Кевин Ингресо, Патрик Филипп Дейто (Филиппин).

13 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 15 000 тамошобин.

НЕПАЛ – ЯМАН – 0:0

13 июн. Катманду. Варзишгоҳи «Халчоук». 700 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “F”: 1. ФИЛИППИН – 6 имтиёз (таносуби тӯбҳо – 8-4). 2. ЯМАН – 4 имтиёз (2-1). 3. НЕПАЛ – 1 имтиёз (1-4). 4. ТОҶИКИСТОН – 0 имтиёз (4-6).

Ду дастаи беҳтарини ҳар як гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё, ки соли 2019 дар Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Бозиҳои боқимондаи гурӯҳи «F»:

Даври 3-юм

5 сентябр (сешанбе)

Непал – Тоҷикистон

Филиппин – Яман

Даври 4-ум

10 октябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Непал

Яман – Филиппин

Даври 5-ум

14 ноябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Яман

Непал – Филиппин

Даври 6-ум

27 марти соли 2018 (сешанбе)

Филиппин – Тоҷикистон

Яман – Непал

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG