Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми AFC. 4 голи “Истиқлол” ба дарвозаи “Серес Негрос”


«Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) – 2017 «Серес Негрос»-и Филиппинро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Ин бозӣ шаби 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо гардид.

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад. Агар «Истиқлол» ба финал барояд, онгоҳ бозии ҳалкунандаи мусобиқаи бошгоҳии моҳиятан дувуми Осиё дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ду гол дар нимаи аввал ва ду голи дигар дар нимаи дувуми дидор зада шуд. Ҳисобро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 25-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ боз кард. Голи дувумро Ромиш Ҷалилов дар дақиқаи охирини нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонд. Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 67-ум, Манучеҳр Ҷалилов голи севумро ба тӯри дарвозаи меҳмонон зад. Голи чаҳорум ва ниҳоӣ низ ба Манучеҳр Ҷалилов марбут аст. Ӯ тӯбро дар дақиқаи 88-ум ба самар расонд.

Бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 миёни дастаҳои “Истиқлол” ва «Серес Негрос» 12-уми сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин барпо мегардад.

Ғолиби ин ҷуфт ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ ёфта, дар финали байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) рақобат мекунад. Бозиҳои ниҳоии байниминтақавӣ 27-уми сентябр ва 18-уми октябр баргузор мешаванд.

Дар бозиҳои ниҳоии минтақаи Ғарбӣ 12-ум ва 26-уми сентябр «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ рӯбарӯ хоҳанд шуд. Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад. Агар «Истиқлол» ба финал барояд, онгоҳ бозии ҳалкунандаи мусобиқаи бошгоҳии моҳиятан дувуми Осиё дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавӣ

Бозиҳои аввал

22 август (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Серес Негрос» (Филиппин) – 4:0

23 август (чоршанбе)

«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозиҳои ҷавобӣ

12 сентябр (сешанбе)

«Серес Негрос» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

13 сентябр (чоршанбе)

«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

Финали байниминтақавӣ

Бозии аввал

27 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин) – Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозии ҷавобӣ

18 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) - Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин)

Минтақаи ғарбӣ. Финал

Бозии аввал

12 сентябр (сешанбе)

«Эйр Форс» (Ироқ) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

Бозии ҷавобӣ

26 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Эйр Форс» (Ироқ)

ФИНАЛ

4 ноябр (шанбе)

Ғолиби байниминтақавӣ – Ғолиби ҷуфти «Эйр Форс» (Ироқ)/«Ал-Ваҳда» (Сурия)

XS
SM
MD
LG