Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи ҷаҳонӣ


Варзишгарони тоҷик дар Универсидаи 29-уми тобистона, ки дар шаҳри Тайбейи Тайван ҷараён дорад, дар ду намуд – варзиши сабук ва ҷудо - ширкат меварзанд. Чунонки вебсайти расмии Универсиада хабар додааст, дар ин мусобиқоти бузурги донишҷӯёни олам намояндагони беш аз 140 кишвар аз рӯи 21 намуди варзиш то рӯзи 30-юми август рақобат мекунанд.

Дар Универсиадаи ҷаҳонӣ, ки дар ҳар ду сол барпо мегардад, асосан варзишгарони донишҷӯ аз кишварҳои олам ширкат меварзанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон панҷ варзишгар дохил аст. Нахуст Беҳрӯз Хоҷазода дар сабқати ҷудо дар вазни зери 73 кило вориди рақобат шуд. Ӯ рӯзи 22-юми август дар аввалин қувваозмоияш бар Лечи Эдиев аз Русия пирӯз гашт, вале дар даври баъдӣ аз Алеҷандро Федерико Клара (Аргентина) шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум шуд.

Чаҳор варзишгари дигари тоҷик рӯзи 23-юми август ба рақобат мепардозад. Фаридун Ашӯров дар гулӯлапартоӣ, Абдурауф Мӯсоев дар гурзандозӣ, Шӯҳрат Усмонов дар давидан ба масофаи 400 метр ва Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳидан ба баландӣ қувваозмоӣ мекунанд.

Пас аз натиҷагирии чаҳор рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 18 медал (9 тилло, 3 нуқра, 6 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Мунтахаби Кореяи Шимолӣ (5-3-1) дар мақоми дувум ва мунтахаби Тайван (4-8-2) дар мақоми севум қарор доранд. Умуман, то ҳоло варзишгарони 30 кишвар бо медалҳо мукофотонида шудаанд ва намояндагони 20 кишвар барандагони нишонҳои тилло гардидаанд.

Бояд тазаккур дод, дар Универсиадаи ҷаҳонӣ, ки дар ҳар ду сол барпо мегардад, асосан варзишгарони донишҷӯ аз кишварҳои олам ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2013 дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия бо шумули 45 варзишгар дар нӯҳ риштаи варзиш ширкат карда, панҷ медал гирифта буд. Дар гуштии камарбандӣ Абдуазим Бойназаров бо медали нуқра, Маҳмад Миров ва Гуландом Қаробоева бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд. Дар риштаи самбо Комроншоҳи Устопириён бо медали нуқра ва Нусратшоҳ Имомов бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Вале дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, вазнабардорӣ, ҷудо, варзиши сабук, шиноварӣ, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ ноком шуданд.

Дар Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии тобистона, ки соли 2015 дар шаҳри Кванҷуи Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, ба далели хуруҷи бемории "Мерс" аз сафари 67 варзишгари тоҷик барои иштирок дар ин кишвар ҷилавгирӣ шуд. Вале се варзишгаре, ки дар риштаи таэквондо WTF Тоҷикистонро намояндагӣ карданд - Моҳрӯ Ҳалимова, Фарзона Раҷабова ва Суман Раҷабова - аз медалҳои Универсиада бенасиб монданд.

XS
SM
MD
LG