Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар Универсиадаи ҷаҳонӣ дар Тайван


Варзишгарони тоҷик дар Универсидаи XXIX тобистона, ки аз 19 то30 август дар шаҳри Тайбейи Тайван баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар шомил аст, ки ҳамагон донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии кишвар мебошанд.

Намояндагони Тоҷикистон дар се намуд – варзиши сабук, тенниси рӯи миз ва ҷудо - иштирок менамоянд. Фаридун Ашӯров дар ду навъи рақобатҳо - партоби диск ва гулӯлапартоӣ, Ҳусниддин Зарифов дар ҷаҳиш ба баландӣ, Шӯҳрат Усмонов дар давидан ба масофаҳои 200 ва400 метр, Абдурауф Мӯсоев дар гурзандозӣ, Зарина Шарифова, Шаҳноза Баротова оид ба тенниси рӯи миз ва Беҳрӯз Хоҷазода оид ба ҷудо дар вазни зери 73 килограмм ширкат хоҳанд кард.

Ба барномаи Универсиадаи XXIX тобистона 21 намуди варзиш, ба мисли бадминтон, баскетбол, вазнабардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гимнастикаи бадеӣ, гимнастикаи варзишӣ, голф, камонварӣ, теннис, тенниси рӯи миз, ушу, шамшербозӣ, футбол, ҷудо, шиноварӣ ва ғайра шомил аст.

Маросими ифтитоҳи Универсиадаи XXIX тобистона дар шаҳри Тайбейи Тайван шоми имрӯз, 19-уми августЮ баргузор мешавад. Ин мусобиқаи байналмилалӣ ва фарҳангӣ, ки дар ҳар ду сол сурат мегирад, то 30-юми август идома мекунад ва дар он асосан варзишгарони донишҷӯ ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 2013 дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳонии тобистона дар Қазони Русия бо ҳайати бузург, минҷумла 45 варзишгар, дар 9 риштаи варзиш ширкат карда, панҷ медал гирифта буд.

Абдуазим Бойназаров дар гуштии камарбандӣ дар рақобатҳо дар вазни зери 68 кило бо услуби озод миёни мардон барандаи медали нуқра гардид. Дар ин навъи рақобатҳо дар вазни зери 62 кило байни мардон гуштигири дигари тоҷик Маҳмад Миров бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Гуландом Қаробоева дар сабқати занон дар рақобатҳо дар вазни зери 76 кило бо услуби озод бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд.
Комроншоҳи Устопириён дар риштаи самбо дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило бо медали нуқра сарфароз гашт. Медали 5-уми мунтахаби Тоҷикистонро Нусратшоҳ Имомов дар рақобатҳо оид ба самбо дар вазни зери 74 кило ба даст овард.

Вале дар ин мусобиқоти ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик дар риштаҳои бокс, вазнабардорӣ, ҷудо, варзиши сабук, шиноварӣ, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ ноком шуда, аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Дар Универсиадаи XXVIII тобистона, ки соли 2015 дар шаҳри Кванҷуи Куриёи Ҷанубӣ баргузор шуд, ба далели хуруҷи бемории "Мерс" аз сафари 67 варзишгари тоҷик барои иштирок дар ин кишвар ҷилавгирӣ шуд. Вале се варзишгаре, ки дар риштаи таэквондо WTF Тоҷикистонро намояндагӣ карданд - Моҳрӯ Ҳалимова, Фарзона Раҷабова ва Суман Раҷабова - аз медалҳои Универсиада бенасиб монданд.

XS
SM
MD
LG