Дилшод Шобеков, паҳлавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо ба хотираи қаҳрамони ҷаҳон Аскар Шайхиев, ки рӯзҳои 14-16 август дар шаҳри Уралски Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард.
Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 62 кило дар чаҳор қувваозмоӣ бар рақибонаш аз Қазоқистон - Ҷумъабой Парасат, Эҷмурод Одилхон, Мадиёр Раҳимов ва Амонбек Кулкаев - дастболо шуда, ба финал баромад. Вале Дилшод Шобеков дар қувваозмоии ниҳоӣ аз паҳлавони қазоқ Женис Калабай мағлуб шуда, мақоми дувумро касб кард.
Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё, рӯзи 18-уми август хабар дод. Вай афзуд, “дар ин мусобиқа беш аз 150 гуштигир аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат дошт. Тоҷикистонро танҳо як гуштигир – Дилшод Шобеков – намояндагӣ кард. Паҳлавони дигари тоҷик - Сӯҳроб Исматов - ба иллати латхӯрӣ дар мусобиқаи пешин дар шаҳри Оқтови Қазоқистон дар мусобиқаи Уралск иштирок накард. Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа ҷому медал, ифтихорнома ва ҷоизаҳои молӣ супурда шуд.”
Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаи мураббии варзида Мерейгалӣ Кушкинов, ки рӯзҳои 11-12 август дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор шуда буд, ду медал ба даст оварданд. Сӯҳроб Исматов дар рақобатҳо дар вазни зери 57 кило барои мақоми дувум бо медали нуқра ва Дилшод Шобеков дар вазни зери 62 кило барои мақоми севум бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Мутахассиси тоҷик Маҳмуд Абдуллоев, ки солиёни зиёд дар мусобиқоти байналмилалии самбо дар Қазоқистон ба ҳайси сардовар хидмат мекунад, бо сипосномаи мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони «Жас батир»-и Оқтов мукофотонида шуд. Ӯ, инчунин барои хидматҳояш дар таҳкими дӯстии байни халқҳо бо медали хотиравии “Дӯстии халқҳо”-и маҷаллаи “Спорт жулдиздари” сарфароз гашт.
Маҳмуд аз сулолаи паҳлавонон Абдуллоевҳо мебошад. Гуштиро аз амакаш Исмат Абдуллоев омӯхтааст. Ин мураббии маъруф, ки шогирдоне ба мисли ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов тарбия кардааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Маҳмуд аз солҳои 80-уми асри гузашта ба гуштии самбо машғул шуда, дар ин ришта ҳамчун варзишгар муваффақ гаштааст ва то ба дараҷаи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ расидааст. Баъдан ба унвони “Мураббии шоистаи Тоҷикистон” мушарраф шудааст. Ва аммо Маҳмуд Абдуллоевро бештар ҳамчун довари варзида эътироф мекунанд. Вай ягона мутахассиси тоҷик аст, ки дар мусобиқоти бузурги байналмилалӣ ба ҳайси сардовар ифои вазифа менамояд ва боиси ифтихори мост”.
Маҳмуд Абдуллоев на танҳо дар Осиё, балки дар арсаи ҷаҳон маъруф аст. Ӯро муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё, раиси комиссиюни доварони қора, раиси Федератсиони самбои Осиёи Марказӣ ва узви кумитаи иҷроияи Федератсиони байналмилалии самбо интихоб кардаанд.