Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави шоҳмоти Тоҷикистон. САДО


Мутриба Ҳотамӣ
Мутриба Ҳотамӣ

Сӯҳроб Ҳамдамов ва Мутриба Ҳотамӣ қаҳрамонҳои шоҳмоти Тоҷикистон дар соли 2017 эълон шуданд. Мусобиқаи имсола аз 4-ум то 14-уми август дар шаҳри Панҷакент бо ширкати 24 шатранҷбоз (12 мард ва 12 зан) баргузор шуд.

Мусобиқа аз рӯи манзумаи суисӣ дар ёздаҳ давр барпо гардид.
Устоди байналмилалӣ Сӯҳроб Ҳамдамов, шатранҷбози пуртаҷрибаи душанбегӣ, ки дар сабқати мардон дар ёздаҳ бозӣ нӯҳ имтиёз ба даст овард, мақоми аввалро касб намуд. Ӯ барои панҷумин бор ба унвони қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон даст ёфт. Шатранҷбозони ҷавони душанбегӣ Амин Қобилов ва Алишер Каримов, ки 8,5-имтиёзӣ ба даст оварданд, дар миёни мардон ҷойҳои дувуму севумро бо ҳам диданд.

Сӯҳроб Ҳамдамов
Сӯҳроб Ҳамдамов

Дар сабқати занон устоди варзиш Мутриба Ҳотамӣ аз Душанбе, ки дар ҳамаи ёздаҳ бозӣ ғолиб омад, барои бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони шоҳмоти Тоҷикистон мушарраф шуд. Зимнан, вай имсол дар мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷи Осиё миёни ҷавонони зери 20-сола оид ба блитс ё шоҳмоти барқвор дар Эрон медали биринҷӣ ба даст овардааст.

Сабрина Абророва, хонандаи синфи чоруми мактаби миёнаи рақами 55-и Душанбе, бо 10 имтиёз мақоми дувумро соҳиб шуд. Сарвиноз Каримова, мураббии мактаби шоҳмоти Душанбе, бо касби 8,5 имтиёз мақоми севумро азони худ кард.

"Ҷаҳони варзиш" -- гузориши Нарзуллоҳи Латиф
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00
Линки мустақим

Илҳом Юнусов, дабири кулли Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон, рӯзи 16-уми август дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “боиси хушнудист, ки сол ба сол дараҷаи маҳорати шатранҷбозони ҷавони тоҷик, ба мисли Мутриба Ҳотамӣ, Амин Қобилов, Алишер Каримов ва дигарон баланд мешавад. Имсол дар мусобиқаи занон шатранҷбози аз ҳама ҷавон - Сабрина Абророваи 10-сола натиҷаи гайричашмдошт нишон дод. Ӯ, ки барои аввалин бор дар мусобиқаи бузургсолон иштирок кард, дар мубориза бо шатранҷбозони пуртаҷриба ҷойи дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт.”

Ба гуфтаи Илҳом Юнусов, беҳтарин шатранҷбозони тоҷик - Мутриба Ҳотамӣ, Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев ва Надежда Антонова - дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои V Осиё дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки рӯзҳои 17-27 сентябр дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ишқобод – баргузор мешавад, ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG