Пайвандҳои дастрасӣ

“Парвоз” пешсафи мусобиқаи лигаи аввалро шикаст дод


Дастаи “Парвоз”- Фурудгоҳи Хуҷанд дар даври сездаҳуми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дар майдони худ тими «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат - пешсафи ҷадвалро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ин аввалин бохти “Ваҳдат” ва дувумин ғалабаи “Парвоз”дар мавсими имсола ба шумор меравад.

Муддаиёни дигари медалҳои мусобиқаи имсола - «Сомон»-и Данғара ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ – бар рақибонашон пирӯзӣ ба даст оварданд. “Сомон” дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаст дод. Зимнан, “Сомон” ягона дастест, ки то ҳоло ба мағлубият дучор нашудааст. “Кӯктош” бошад, дар меҳмонӣ “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 мағлуб кард.

Се бозии дигари даври 13-ум бо чунин натиҷаҳо ба поён расид: «Маҳаллаи 83» (Душанбе) – «Локомотив-Помир» (Душанбе) – 3:2, «Ҳулбук» (Восеъ) – «Зарафшон» (Панҷакент) – 1:1, «Зарбдор» (Исфара) – «Саройкамар» (Панҷ) – 1:0.

Баъди натиҷагирии даври сездаҳум дар ҷадвали мусобиқа “Ваҳдат” бо 30 имтиёз мисли пешин дар мақоми аввал аст. “Сомон” бо 29 имтиёз дар зинаи дувум ва “Кӯктош” бо 28 имтиёз дар зинаи севум қарор доранд. Бозиҳои даври чордаҳуми мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон рӯзҳои 23-24-уми август баргузор мешаванд.

Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон. Даври 13-ум

«Маҳаллаи 83» – «Локомотив-Помир» – 3:2

Голҳо: Сафаралӣ Аҳмад, 15 (1:0). Азизбек Ҳасанов, 18 (1:1). Ислом Зоиров, 20 (1:2). Сафаралӣ Аҳмад, 40 (2:2). Фаридун Назриев, 88 (3:2).

10 август. Душанбе. Майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 200 тамошогар.

«Ҳулбук» – «Зарафшон» – 1:1

Голҳо: Фозилҷон Ҳабибов, 11 (0:1). Шӯҳрат Раҳмонов, 90+1 (1:1).

10 август. Восеъ. Варзишгоҳи марказӣ. 2500 тамошогар.

«Сомон» – «Равшан» – 7:0

Голҳо: Зафар Холбобоев, 29 (1:0). Баҳровар Ҳалимов, 34 (2:0). Баҳровар Ҳалимов, 60 (3:0). Вайсиддин Сафаров, 62 (4:0). Шараф Саидов, 73 (5:0). Бахтовар Наҷмиддинов, 83 (6:0). Бахтовар Наҷмиддинов, 88 (7:0).

11 август. Данғара. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошогар.

«Парвоз» – «Ваҳдат» – 2:0

Голҳо: Бахтовар Зокиров, 39 (1:0). Бахтовар Зокиров, 49 (2:0).

11 август. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 300 тамошогар.

«Зарбдор» – «Саройкамар» – 1:0

Гол: Абдураҳим Раҳимов, 36.

13 август. Исфара. Варзишгоҳи марказӣ. 800 тамошогар.

«Эсхата» – «Кӯктош» – 0:3

Голҳо: Меҳроҷиддин Музаффаров, 10 (0:1). Раҳмонов, 75 – аз пеналтӣ (0:2). Султонов, 90+2 (0:3).

13 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «Спартак». 600 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқаи лигаи аввал

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

13

9

3

1

32-11

30

2

«Сомон» (Данғара)

13

8

5

0

44-15

29

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

13

9

1

3

33-11

28

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

13

7

4

2

23-15

25

5

«Саройкамар» (Панҷ)

13

6

4

3

17-11

22

6

«Маҳаллаи 83» (Душанбе)

13

7

0

6

29-27

21

7

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

13

5

1

7

20-28

16

8

«Ҳулбук» (Восеъ)

13

3

5

5

18-23

14

9

«Зарбдор» (Исфара)

13

3

3

7

16-28

12

10

«Равшан» (Кӯлоб)

13

3

0

10

17-49

9

11

«Парвоз» – Фурудгоҳи Хуҷанд

13

2

2

9

12-24

8

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

13

0

4

9

9-28

4

Нишонзанҳо: Меҳроҷиддин Музаффаров («Ваҳдат»/«Кӯктош») – 15 тӯб, Ҷастис Агией Канкам («Маҳаллаи 83») – 14 тӯб.

Даври 14-ум

23 август (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Саройкамар» – «Ваҳдат»

«Зарафшон» – «Парвоз»

«Равшан» – «Ҳулбук»

«Кӯктош» – «Сомон»

24 август (панҷшанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:00

«Локомотив-Помир» – «Эсхата»

«Зарбдор» – «Маҳаллаи 83»

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG