Тоҷикистон дар раддабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) ду зина поин рафт ва дар байни 211 кишвар бо 180 имтиёз дар ҷойгоҳи 151-ум қарор гирифтааст.
Бразилия дар феҳристи нави ФИФА бо 1604 имтиёз дар ҷойи аввал, Олмон бо 1549 имтиёз дар ҷойи дувум ва Аргентина бо 1399 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.
Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.
Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби миллии Осиё мақоми 28-умро касб кардааст. Дар Осиё Эрон дар ҷойи аввал (дар ҷаҳон 24-ум) мебошад.
Аз байни кишварҳои пасошӯравӣ зинаҳои баландро дар раддабандии FIFA Украина (27-ум), Русия (62-юм) ва Узбакистон (64-ум) ба даст овардаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Шӯравии собиқ танҳо аз Молдова (159-ум) пеш аст.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон наздиктарин бозиашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» 5-уми сентябр дар шаҳри Катманду муқобили мунтахаби Непал, ки дар феҳристи FIFA бо 117 имтиёз дар дар мақоми 169-ум қарор дорад, анҷом медиҳад.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.
Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.