Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Қазоқистон ду медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ оид ба самбо барои дарёфти ҷоизаи мураббии варзида Мерейгалӣ Кушкинов, ки рӯзҳои 11-12 август дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор шуд, ду медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа беш аз 120 гуштигири синнашон 19-20-сола аз Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат доштанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ довари дараҷаи байналмилалӣ Маҳмуд Абдуллоев, муовини аввали раиси Иттиҳоди самбои Осиё, рӯзи 15-уми август хабар дод.

Вай афзуд, “паҳлавони ҷавони тоҷик Сӯҳроб Исматов дар рақобатҳо дар вазни зери 57 кило барои мақоми дувум бо медали нуқра сарфароз гашт. Ӯ дар ду қувваозмоӣ бар варзишгарони Қазоқистон ғолиб омад, вале дар финал аз гуштигири Узбакистон Авазбек Абдуҷалилов мағлуб шуд.”

Ба иттилои Абдуллоев, намояндаи дигари Тоҷикистон Дилшод Шобеков дар вазни худ барои мақоми севум соҳиби медали биринҷӣ гардид. Ӯ пас аз ду пирӯзӣ бар рақибонаш аз Қазоқистон ва Узбакистон, дар даври ниманиҳоӣ аз паҳлавони қазоқ шикаст хӯрд. Баъдан Дилшод барои медали биринҷӣ намояндаи дигари Қазоқистонро мағлуб кард.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби вилояти Мангистови Қазоқистон бо касби 11 медали тилло, ҳафт нуқра ва панҷ биринҷӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Варзишгарони вилояти Қазоқистони Шарқӣ мақоми дувум ва намояндагони вилояти Отиров мақоми севумро азони худ карданд.

“Ба ғолибону ҷоизадорони ин мусобиқа ҷому медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳо супурда шуд. Ҳамакнун ҳарду паҳлавони тоҷик дар мусобиқа ба хотираи қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Асхар Шайхиев, ки рӯзи 14-уми август дар шаҳри Уралски Қазоқистон оғоз ёфт, рақобат мекунанд”, - иброз дошт Маҳмуд Абдуллоев.

XS
SM
MD
LG