Пайвандҳои дастрасӣ

Мавқеи устувори "Истиқлол" дар лигаи олӣ бо шикаст додани "Регар"


«Истиқлол»-и Душанбе дар даври шонздаҳуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд. Ин бозӣ шоми душанбеи 14-уми август дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бо ҳузури 2000 тамошогар барпо гардид.

Ҳарду гол дар дақиқаҳои охири бозӣ зада шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 82-юм Дилшод Восиев боз кард. Пас аз се дақиқа беҳтарин нишонзани мусобиқа Манучеҳр Ҷалилов голи дувуми “Истиқлол”-ро ба ҳадаф расонд.

Баъди ин ғалаба “Истиқлол” мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа боз ҳам устувор намуд ва аз рақиби наздиктаринаш дар ҷадвал - ССКА «Помир» - ёздаҳ имтиёз бештар дорад. Ба “Истиқлол” барои бори шашум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтан дар шаш бозии боқимондаи мусобиқа чаҳор имтиёз гирифтан кофист.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Бозии даври 16-ум

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» 2:0

Голҳо: Дилшод Восиев, 82 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 85 (2:0).

Огоҳонида шуданд: Дэвид Мавутор («Истиқлол»), Агблей Ҷонс, Фирӯз Қараев, Комрон Турсунов («Регар-ТадАЗ»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

14 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 2000 тамошогар

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

15

12

3

0

45-7

39

2

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

7

7

2

15-8

28

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

8

3

5

30-14

27

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

16

4

5

7

10-17

17

5

«Барқчӣ» (Ҳисор)

14

4

4

6

9-16

16

6

«Ҳосилот» (Фархор)

15

4

3

8

13-33

15

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

16

4

2

10

19-32

14

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

16

3

5

8

11-25

14

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 14 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 8 тӯб, Фарҳод Тоҳиров, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – «Хуҷанд») – 7-тӯбӣ.

Ҷоми Тоҷикистон. Бозиҳои аввал

16 август (чоршанбе)

Оғози бозиҳо соати 17:30

ССКА «Помир» – «Вахш»

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

«Ваҳдат» – «Хуҷанд»

Ваҳдат, Варзишгоҳи марказӣ

Даври 17-ум

19 август (шанбе)

Оғози бозиҳосоати 17:30

«Регар-ТадАЗ» – «Вахш»

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

«Панҷшер» – ССКА «Помир»

Ҷалолиддини Балхӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG