Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ССКА “Помир” бо шикаст додани “Хуҷанд” дар ҷадвал дувум шуд


Дар ҳарду бозии даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки 12-уми август баргузор шуд, мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд.

ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ рақиби аслиаш барои медалҳои нуқраи мусобиқа - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро ҳимоятгар Фирдавс Чақалов дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 45+2, ба ҳадаф расонд. Ин ғалаба ба ССКА «Помир» имконият дод, ки дар ҷадвали мусобиқа аз “Хуҷанд” пеш гузарад.

Дар бозии дигари даври 16-ум «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Фаррух Фузайлов, бозигари “Вахш”, дар дақиқаи 35-ум ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи охирини нимаи аввали дидор Отабек Каримов, бозигари “Панҷшер”, ҳисобро баробар намуд. Бозигари меҳмонон Абдулатиф Тоҷиаҳмадов дар дақиқаи 88-ум тӯбро ба дарвозаи худ зад ва бозӣ ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.

Боз як бозии даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон шоми имрӯз, 14-уми август, миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо мегардад.

Дар ҳамин ҳол дастаи “Истиқлол”, ки дар 14 бозӣ 36 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. ССКА «Помир» бо 28 имтиёз дар зинаи дувум ва «Хуҷанд» бо 27 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Дар байни нишонзанҳо ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов, ки 13 гол задааст, дар ҷойи аввал мебошад.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи имсола миёни дастаҳои лигаи олӣ дар шакли нав сурат гирифтааст. Мусобиқа аз се давра иборат аст ва ҳар як даста ҳамагӣ 21 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастае, ки дар зинаи охирин, яъне ҳаштум қарор мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки мақоми пеш аз охирин, яъне ҳафтумро соҳиб мешавад, барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал ду бозӣ анҷом хоҳад дод.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Вахш» – «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Фаррух Фузайлов, 35 (0:1). Отабек Каримов, 44 (1:1). Абдулатиф Тоҷиаҳмадов, 88 – ба дарвозаи худ (2:1).

Огоҳониа шуданд: Сафаралӣ Каримов, Наврӯз Рустамов («Вахш»), Қурбонбой Шералиев, Равшан Азизов («Панҷшер»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

12 август. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 3000 тамошогар.

ССКА «Помир» – «Хуҷанд» – 1:0

Гол: Фирдавс Чақалов, 45+2.

Огоҳонида шуданд: Мисиам Иносент, Фурӯғ Қодиров (ССКА «Помир»), Далерҷон Тухтасунов, Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

12 август. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 2000 тамошогар.

14 август (душанбе)

Оғози бозӣ - соати 20:00

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

11

3

0

43-7

36

2

ССКА «Помир» (Душанбе)

16

7

7

2

15-8

28

3

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

16

8

3

5

30-14

27

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

4

5

6

10-15

17

5

«Барқчӣ» (Ҳисор)

14

4

4

6

9-16

16

6

«Ҳосилот» (Фархор)

15

4

3

8

13-33

15

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

16

4

2

10

19-32

14

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

16

3

5

8

11-25

14

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 8 тӯб, Фарҳод Тоҳиров, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – «Хуҷанд») – 7-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG