Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарифзода раиси қароргоҳи президент дар Кӯлоб таъин шуд


Мақомот баъди тақрибан як соли хомӯшӣ дар бораи сохтмони қароргоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз таъини мудири он хабар доданд.

Дар шабу рӯзе, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон раҳбари қароргоҳаш дар Кӯлобро таъин кард, мавзӯи сохтмони қароргоҳи нави президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Кибрайи вилояти Тошканд ҷанҷолбарангез шудааст.

Бино ба қарори ҳукумат, ки нусхааш рӯзи 13-уми август дастраси Радиои Озодӣ шуд, ба ин мақом Ҷамшед Шарифзода (Шарифзода Ҷамшеди Намозалӣ) таъин гардидааст. Дар бораи Шарифзода маълумоти зиёде дар даст нест, аммо дар қарор гуфта шудааст, ки онро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми август имзо гузошт.

Як сол пеш мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки сохтмони қароргоҳи раиси ҷумҳур дар ҷамоати Чорбоғи шаҳри Кӯлоб ниҳоӣ шудааст ва бояд ба зудтарин фурсат ба истифода дода шавад. Вале дигар ба ин мавзӯъ барнагаштанд ва то ин дам маълум набуд, ки сохтмони бӯстонсаро ба куҷо расидааст.

Шаҳри Кӯлоб
Шаҳри Кӯлоб

Сохтмони қароргоҳи президенти Тоҷикистон соли 2015 дар масоҳати 25 гектар шурӯъ шуд. Дар ин қароргоҳ дар баробари як боғи сабзу хуррам толори қабули меҳмонон ва ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст. Қароргоҳ имкон медиҳад, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар онҷо меҳмону намояндагони ҳукуматҳоро ба ҳузур пазируфта, ҷаласа баргузор кунад.

Маблағи сохтмони қароргоҳ эълон нашудааст, аммо соли гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ як мақоми шаҳри Кӯлоб гуфта буд, ки онро аз ҳисоби буҷаи шаҳр сохтаанд. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Варзоб, қароргоҳу бӯстонсарои худро дорад ва баъзе аз вохӯрӣ ва мулоқоташро бо раҳбарони кишварҳо дар онҷо баргузор мекунад. Ахиран дар бӯстонсарои раиси ҷумҳур дар Варзоб, ки бо номи “Пуғус” маъруф аст, як бинои бисёртабақа ҳам сохта шуд.

Яке аз нишастҳо дар қароргоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Пуғуси ноҳияи Варзоб
Яке аз нишастҳо дар қароргоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Пуғуси ноҳияи Варзоб

Кӯлоб севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст, вале дар муқоиса дар гӯшаҳои дигари Тоҷикистон рушди чандони иқтисодӣ надорад. Соли 2006 дар пайи таҷлил аз 2700-солагии шаҳри Кӯлоб умури сохтмонӣ дар ин минтақа густариш пайдо кард ва дар чанд соли баъд баъзе иншооти маданиву фарҳангӣ ва саноатӣ қомат афрохтанд. Аҳолии ин шаҳр ҳудуди 200 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Кӯлоб дар даврони Шӯравии пешин ба унвони яке аз вилоятҳои калонтарини Тоҷикистон шинохта мешуд. Вале дар солҳои 1990-ум, дар авҷи раванди истиқлолхоҳиҳо дар Тоҷикистон, Кӯлобу Қӯрғонтеппа бо ҳам муттаҳид шуда ва вилояти Хатлонро ташкил доданд. Ҳоло маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа аст.

Дар шабу рӯзе, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон раҳбари қароргоҳаш дар Кӯлобро таъин кард, мавзӯи сохтмони қароргоҳи нави президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Кибрайи вилояти Тошканд ҷанҷолбарангез шудааст. Сокинони ноҳияи Кибрай мегӯянд, ба далели сохтмони қароргоҳи Мирзиёев даҳҳо нафар хонаҳояшонро аз даст дода, феълан дар манзили наздикон ё биноҳои мактаб зиндагӣ доранд.

Як мақоми ноҳияи Кибарай ба бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд то бист рӯзи дигар афроди бехонаро бо ҷойи зист таъмин хоҳанд кард. Аммо манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, сохтмонҳои нав барои мардуми беҷошуда ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст ва баъид ба назар мерасад, ки то моҳи сентябр калид ба дасти сокинон супурда шавад.

Аз раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон Ислом Каримов, ки моҳи сентябри соли гузашта бар асари сактаи мағзӣ даргузашт, қароргоҳи “Оқсарой”, “Куксарой” ва “Дурмен” боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG