Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми рақобатҳои паҳлавонони тоҷик дар Чили 


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола, ки аз 9-ум то 13-уми август дар пойтахти Чили - шаҳри Сантяго – баргузор шуд, бо як медали биринҷӣ ва як мақоми панҷум дар байни 64 кишвар ҷойи 24-умро соҳиб шуданд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 428 варзишгар (230 писару 198 духтар) аз 64 кишвар иштирок дошт. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон панҷ гуштигир дохил буд. Аз байни онҳо танҳо ба Ҷамолиддин Абдуллоев муяссар шуд, ки медал ба даст орад. Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз се пирӯзӣ бар рақибонаш Чинг Лонг Овен Вонг (Ҳонконг), Маркос Сантос (Бразилия) ва Петру Пеливан (Молдова) дар қувваозмоии чаҳорумаш аз Марк Ҳристов (Булғористон) мағлуб шуд. Ҷамолиддин дар мубориза барои медали биринҷӣ аввал бар Иван Кукита (Аргентина), сипас бар Байрам Кандемир (Туркия) дастболо гардид.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даврҳои баъдӣ бар рақибонаш Намҳун Ли (Кореяи Ҷанубӣ) ва Музаффарбек Тӯрабоев (Узбакистон) ғолиб шуда, ба нимфинал баромад. Вале ӯ дар даври ниманиҳоӣ аз Еуген Матвейчиук (Молдова), ки баъдан ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт, мағлуб гашт. Ҷаҳонгир дар мубориза барои медали биринҷӣ аз Серикболсин Шинтас (Қазоқистон) шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Дар вазни зери 66 кило боз як намояндаи Тоҷикистон - Разиаллоҳ Лоиқов - рақобат кард. Вале ӯ дар даври муқаддамотӣ аз Ранто Катсура (Ҷопон) шикаст хӯрд.

Паҳлавони дигари тоҷик Қурбоналӣ Бозоров, ки дар рақобатҳо дар вазни зери 60 кило дар даври аввал озод буд, дар даври дувум бар Алеҷандро Ретамал аз Чили ғалаба кард. Вале ӯ баъдан аз Нурзод Салимбоеви қазоқ мағлуб гашт ва аз ҳаққи идомаи мубориа барои медалҳо маҳрум шуд.

Намояндаи охирини Тоҷикистон - Эмомризо Қурбонов - дар рақобатҳо дар вазни зери 90 кило дар даври аввал аз Акрам Буранови узбакистонӣ шикаст хӯрд. Баъди натиҷагирии мусобиқа дар рақобатҳои инфиродӣ миёни писарону духтарон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 13 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 7 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Олмон бо касби 7 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар мақоми дувум ва Русия бо касби 6 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор гирифтанд.

Рӯзи охирини мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Сантяго – 13-уми август – сабқати дастаӣ бо ширкати варзишгарони ҳаждаҳ кишвар баргузор мешавад, ки дар он дастаи Тоҷикистон иштирок намекунад. Бояд тазаккур дод, мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон, ки дар ҳар ду сол доир мешавад, барои бори панҷум баргузор шуд. Чаҳор мусобиқаи пешин дар Будапешт (2009), Киев (2011), Майами (2013) ва Сараево (2015) барпо гардида буд.

Ёдовар мешавем, соли 2015 Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон дар пойтахти Босния ва Ҳерзеговина – шаҳри Сараево - ҳашт варзишгар (шаш писару ду духтар) намояндагӣ карда буд. Аз байни онҳо танҳо Хуршед Маҷидов соҳиби медал шудааст. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашта буд. Зимнан, ин нахустин медали варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон ба шумор меравад.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони со 18-сола дар Чили:

Писарон
50 кг
1. ДЕ ОЛИВЕЙРА Алдӣ (Бразилия)
2. ОЧИЛОВ Мақсуд (Узбакистон)
3. ФЕКЗКО Ксанад (Маҷористон)
3. МОЕС Даан (Ҳолланд)

55 кг
1. АККУС Михрак (Туркия)
2. КАПАНАДЗЕ Лука (Гурҷистон)
3. НАГУЧЕВ Абрек (Русия)
3. СУМИ Хитойоши (Ҷопон)
60 кг
1. НАГУЧЕВ Казбек (Русия)
2. САЛИМБОЕВ Нурзод (Қазоқистон)
3. БАЯНМУНХ Нармандах (Муғулистон)
3. КОНДО Хаято (Ҷопон)

66 кг
1. КАТСУРА Ранто (Ҷопон)
2. ҲРИСТОВ Марк (Булғористон)
3. АБДУЛЛОЕВ Ҷамолиддин (Тоҷикистон)
3. ЙОУНГ Куаган (Канада)
73 кг
1. БЕКАУРИ Лаша (Гурҷистон)
2. НАКАНАШИ Далки (Ҷопон)
3. АГАЯН Армен (Русия)
3. КОЧ Муҳаммад (Туркия)

81 кг
1. МАТВЕЙЧИУК Еуген (Молдова)
2. ГИЛ Агустин (Аргентина)
3. ТОТХ Бенедек (Маҷористон)
3. ШИНТАС Серикболсин (Қазоқистон)
90 кг
1. СЕРБАН Эдуард (Руминия)
2. МОРИ Кеншин (Ҷопон)
3. КЕНДРИК Бенҷамин (Канада)
3. ГАҶИЕВ Саид (Русия)

+90 кг
1. КИМ Минҷонг (Кореяи Ҷанубӣ)
2. БАБАЯН Давид (Русия)
3. ШРЕЙБЕР Ҷонас (Олмон)
3. ОЙДИН Умар (Туркия)

XS
SM
MD
LG