Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” дар Ҷоми AFC бо “Серес”-и Филиппин рақобат мекунад


«Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 бо «Серес»-и Филиппин рақобат мекунад.

Рақиби “Истиқлол” баъди пирӯзии «Серес» дар финали минтақаи АСЕАН аз рӯи натоиҷи ду бозӣ бар «Хоум Юнайтед»-и Сингапур (2:0 ва 1:2) рӯзи 9-уми август маълум шуд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии аввали ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 «Истиқлол» 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо «Серес» рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии ҷавобӣ 12-уми сентябр дар шаҳри Баколоди Филиппин барпо мегардад.

Дар мавриди ба даври баъдии Ҷоми AFC роҳ ёфтан, қаҳрамони Тоҷикистон дар финали байниминтақавӣ бо ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) рақобат мекунад. Бозиҳои финали байниминтақавӣ 27-уми сентябр ва 18-уми октябр баргузор мешаванд.

Дар бозиҳои ниҳоии минтақаи Ғарбӣ 12-ум ва 26-уми сентябр «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Бозии ниҳоии Ҷоми AFC-2017 рӯзи 4-уми ноябр барпо мегардад. Агар «Истиқлол» ба финал барояд, онгоҳ бозии ҳалкунандаи мусобиқаи бошгоҳии моҳиятан дувуми Осиё дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Конфедератсияи футболи Осиё Нивон Робеш Гамини аз Шри-Ланкаро сардовари бозии аввали ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 миёни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Серес» (Филиппин) таъйин кардааст.

Ҷоми AFC-2017

Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ. Финал

Бозии аввал

2 август (чоршанбе)

«Хоум Юнайтед» (Сингапур) – «Серес» (Филиппин) - 2:1

Бозии ҷавобӣ

9 август (чоршанбе)

«Серес» (Филиппин) – «Хоум Юнайтед» (Сингапур) – 2:0

Бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавӣ

Бозиҳои аввал

22 август (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур)/«Серес» (Филиппин)

23 август (чоршанбе)

«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозиҳои ҷавобӣ

12 сентябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур)/«Серес» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

13 сентябр (чоршанбе)

«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

Даври ниманиҳоии байниминтақавӣ

Бозиҳои аввал

22 август (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Серес» (Филиппин)

23 август (чоршанбе)

«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозиҳои ҷавобӣ

12 сентябр (сешанбе)

«Серес» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

13 сентябр (чоршанбе)

«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

Финали байниминтақавӣ

Бозии аввал

27 сентябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин)– Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозии ҷавобӣ

18 октябр (чоршанбе)

Ғолиби ҷуфти «Бенгалуру» (Ҳиндустон)/«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) - Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» (Тоҷикистон) /«Серес» (Филиппин)

Минтақаи ғарбӣ. Финал

Бозии аввал

12 сентябр (сешанбе)

«Эйр Форс» (Ироқ) – «Ал-Ваҳда» (Сурия)

Бозии ҷавобӣ

26 сентябр (сешанбе)

«Ал-Ваҳда» (Сурия) – «Эйр Форс» (Ироқ)

Финал

4 ноябр (шанбе)

Ғолиби байниминтақавӣ – Ғолиби ҷуфти «Эйр Форс» (Ироқ)/«Ал-Ваҳда» (Сурия)

XS
SM
MD
LG