Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Реал" барандаи Суперҷоми UEFA шуд


Бошгоҳи футболи “Реал”-и Мадриди Испания бо шикаст додани «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон бо ҳисоби 2:1 барои бори чаҳорум барандаи Суперҷом ё Ҷоми олии UEFA гардид.

Бозӣ барои Суперҷоми UEFA миёни «Реал», ғолиби феълии Лигаи қаҳрамонҳо ва «Манчестер Юнайтед», барандаи Ҷоми лигаи Аврупо, шаби 8-уми август дар шаҳри Скопйеи Македония, дар варзишгоҳи «Филипп Македони II», баргузор шуд. Сардовари ин бозӣ Ҷанлука Роккии итолиёвӣ буд.

Дар ҳайати «Реал» тӯбҳоро Каземиро (дар дақиқаи 24-ум) ва Иско (52) ба дарвоза ворид карданд. Голи «Манчестер Юнайтед»-ро Ромелу Лукаку (62) ба ҳадаф расонд. Испаниягӣ Иско беҳтарин бозигари ин дидор дониста шуд.

«Реал» барои бори чаҳорум Суперҷомро ба даст овард. Аз ин пеш футболбозони Мадрид солҳои 2002, 2014 ва 2016 ғолиби ин сабқат шудаанд. Соли гузашта «Реал» дар бозӣ барои Суперҷоми UEFA бар «Севиля»-и Испания дар замони изофӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз гашта буд.

«Реал» аз рӯи шумораи ғалаба дар Суперҷом ба ҷойи севум баромад. Аз ҳама бештар – панҷборӣ - «Милан»-и Италия (1989, 1990, 1994, 2003, 2007) ва «Барселона»-и Испания (1992, 1997, 2009, 2011, 2015) Суперҷомро ба даст овардаанд. «Реал» дастоварди «Милан» ва «Аякс»-и Ҳолландро, ки ду бор паиҳам Суперҷомро соҳиб шудаанд, такрор намуд.

Зайниддин Зидан, сармураббии «Реал», панҷ маротиба ба ҳайси бозигар ва мураббӣ барандаи Суперҷоми UEFA шудааст. Соли 2002 нимҳимоятгари фаронсавӣ ба «Реал» кӯмак кард, ки «Фейеноорд»-и Ҳолландро бо ҳисоби 3:1 шикаст бидиҳад. Пештар ин чиз ба Хосеп Гвардиола, Карло Анчелотти, Диего Симеоне ва Луис Энрике муяссар шуда буд. Инчунин Зидан пас аз сармураббии «Милан» Арриго Сакки дувумин мураббист, ки Суперҷомро ду бор паиҳам ба даст овардааст.

Суперҷоми UEFA аз соли 1972 доир мешавад ва аввалин барандаи он «Аякс» мебошад. Дар бозӣ барои Суперҷом одатан ғолибони Лигаи қаҳрамонҳо ва Лигаи Аврупо аз рӯи натиҷагирии мавсими гузашта рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG