Пайвандҳои дастрасӣ

Кристина Пронженко дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Лондон ноком шуд


Кристина Пронженко, намояндаи Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар варзишгоҳи Олимпии Лондон ҷараён дорад, дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа ҷойи охиринро гирифт.

Сабқати интихобӣ дар ин навъи рақобатҳо рӯзи 7-уми август бо ширкати 39 даванда баргузор шуд. Кристина дар гурӯҳи севуми ҳаштнафара бо варзишгарони Ямайка, Швейтсария, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Словения, Украина, Баҳрайн ва Олмон рақобат кард. Вале ӯ бо натиҷаи 1:03.44 охирин шуда ба марра расид. Дар ин гурӯҳ Ристананна Тракей аз Ямайка бо натиҷаи 54.92 мақоми аввалро касб кард.

Ба ин тартиб, Кристина дар сабқати интихобӣ дар миёни 39 даванда дар ҷойи охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуд. Натиҷаи беҳтаринро дар сабқати интихобӣ Датилаҳ Муҳаммад аз ИМА бо натиҷаи 54.59 сония нишон дод. Ҳамин тариқ, 27 нафар беҳтарин давандаҳои ҷаҳон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Зимнан, нишондоди беҳтарини Кристина Пронженко дар давидан ба масофаи 400 метр бо монеа 59,34 сония мебошад, ки ӯ ба ин натиҷа дар мусобиқаи байналмилалӣ 18-уми июни соли равон дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон даст ёфтааст.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар Лондон ба ҷуз даванда Кристина Пронженкои 28-сола, гурзандози машҳур Дилшод Назарови 35-сола намояндагӣ мекунад. Ӯ рӯзи 9-уми август вориди рақобат мешавад. Сабқати интихобии гурзандозӣ дар ибтидо дар ду гурӯҳ сурат мегирад. Беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ, ки рӯзи 11-уми август барпо мегардад, роҳ меёбанд.

Дилшод Назаров.
Дилшод Назаров.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров дар мусобиқаи пешини қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки соли 2015 дар Пекини Чин баргузор шуда буд, гурзро ба масофаи 78 метру 55 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб карда, соҳиби медали нуқра гардидааст. Рақиби аслиаш Павел Фаҷдеки лаҳистонӣ бо натиҷаи 80.88метр ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд.

Дилшод Назаров моҳи июли соли равон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Бҳубанешвари Ҳиндустон доир шуд, бо натиҷаи 76 метру 69 сантиметр мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло сарфароз гашт.

Рекорди инфиродиаш 80 метру 71 сантиметр аст. Ӯ ба ин натиҷа 25-уми майи соли 2013 дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон ноил шудааст. Натиҷаи беҳтаринаш дар мавсими имсола 77.81 метр мебошад, ки ӯ бо ин нишондод дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Остраваи Ҷумҳурии Чех мақоми чаҳорумро касб кардааст. Умуман, бо ин натиҷа Дилшод Назаров алъон дар байни зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон дар мақоми 9-ум қарор дорад.

Ба иттилои вебсайти Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF), дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон беш аз ду ҳазор варзишгари зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон барои 47 маҷмӯи медалҳо то рӯзи 13-уми август мубориза мебаранд.

Баъди натиҷагирии чаҳор рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 9 медал (2 тилло, 5 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кения бо 5 медал (2-1-2) дар мақоми дувум ва Эфиопия бо 3 медал (1-2-0) дар мақоми севум қарор доранд.

Бояд гуфт, ки маблағи умумии ҷавоизи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон 7 миллиону 344 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Барои рекорди ҷаҳонӣ, ки дар Лондон гузошта мешавад, варзишгарон 100 ҳазор долларӣ мегиранд.

Инчунин ба ҳашт варзишгари беҳтарин ҳам дар рақобатҳои инфиродӣ ва ҳам дар эстафетаҳо ҷоизаҳои молӣ супурда мешавад. Сабқати инфиродӣ: медали тилло — 60 000 доллар, медали нуқра — 30 000 доллар, медали биринҷӣ — 20 000 доллар, ҷойи 4-ум — 15 000 доллар, ҷойи 5-ум — 10 000 доллар, ҷойи 6-ум — 6000 доллар, ҷойи 7-ум — 5000 доллар, ҷойи 8-ум — 4000 доллар. Эстафета (барои даста): медали тилло — 80 000 доллар, медали нуқра — 40 000 доллар, медали биринҷӣ — 20 000 доллар, ҷойи 4-ум — 16 000 доллар, ҷойи 5-ум — 12 000 доллар, ҷойи 6-ум — 8000 доллар, ҷойи 7-ум— 6000 доллар, ҷойи 8-ум — 4000 доллар.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG