Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 бо мунтахаби Узбакистон ду бозии дӯстона анҷом дода, дар яктоаш шикаст хӯрд ва дар дувумаш ғолиб омад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳарду бозӣ рӯзҳои 5-6 август дар маҷмааи варзишии “Шоҳин”-и шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум)-и вилояти Суғд баргузор шуд.
Бозии аввал бо пирӯзии меҳмонон бо ҳисоби 5:4 хотима ёфт. Голҳои мунтахаби Узбакистонро Ҳусниддин Нишонов, Анасхон Раҳматов, Машраб Одилов, Ихтиёр Рофиев ва Анасхон Раҳматов ба самар расонданд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Некрӯз Алиаҳмадов, Собирҷон Гуляков, Раҳмоналӣ Шарифов ва Мансур Эргашев заданд.
Дар бозии ҷавобӣ, 6-уми август сурат гирифт, мизбонон бо ҳисоби 5:3 ғолиб шуданд. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров ду гол, Шавкат Ҳалимов, Некрӯз Алиаҳмадов ва Темур Исмоилов яктӯбӣ заданд. Се голи меҳмонон ба Темур Содиров, Акбар Усмонов ва Фирӯз Фахриддинов мутааллиқ аст.
Бозиҳои дӯстона
ТОҶИКИСТОН – УЗБАКИСТОН – 4:5
Голҳо: Ҳусниддин Нишонов, 4 (0:1). Анасхон Раҳматов, 11 (0:2). Машраб Одилов, 22 (0:3). Ихтиёр Рофиев, 23 (0:4). Анасхон Раҳматов, 36 (0:5). Некрӯз Алиаҳмадов, 37 (1:5). Собирҷон Гуляков, 38 (2:5). Раҳмоналӣ Шарифов, 39 (3:5). Мансур Эргашев, 39 – дабл-пеналтӣ (4:5).
Аз дабл-пеналтӣ истифода накарданд: Файзалӣ Сардоров (Тоҷикистон), 23 – дарвозабон, Файзалӣ Сардоров (Тоҷикистон), 40 – дарвозабон.
Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Фирӯз Бекмуродов – Раҳмоналӣ Шарифов, Меҳрубон Тиллозода, Мансур Эргашев (капитан), Некрӯз Алиаҳмадов.
Бозигарони эҳтиётӣ: Муродулло Алиқулов, Дилшод Саломов, Собирҷон Гуляков, Шавкат Ҳалимов, Сиёвуш Қаюмов, Фирӯз Сангов, Умед Мирзораҳимов, Файзалӣ Сардоров, Муҳаммад Шарифов, Иқбол Воситзода, Ҳотамшо Раҳмонов, Темур Исмоилов.
Узбакистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Рустам Умаров (капитан) – Алан Аминов, Машраб Одилов, Фирӯз Фахриддинов, Акбар Усмонов.
Бозигарони эҳтиётӣ: Акмалҷон Ҳазратқулов, Илҳомҷон Ҳамроев, Темур Содиров, Алишер Иброҳимов, Ихтиёр Рофиев, Темур Бердиев, Исломбек Бийтӯраев, Хушнур Эркинов, Ботирбек Ризоев, Ҳусниддин Нишонов, Анасхон Раҳматов.
Огоҳонида шуданд: Некрӯз Алиаҳмадов (Тоҷикистон), Ҳусниддин Нишонов, Илҳомҷон Ҳамроев (Узбакистон).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Тоҷикистон).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Тоҷикистон).
5 август. Гулистон. Маҷмааи варзишии «Шоҳин». 650 тамошогар.
ТОҶИКИСТОН – УЗБАКИСТОН – 5:3
Голҳо: Темур Содиров, 8 (0:1). Файзалӣ Сардоров, 17 (1:1). Акбар Усмонов, 22 (1:2). Фирӯз Фахриддинов, 22 (1:3). Темур Исмоилов, 23 (2:3). Файзалӣ Сардоров, 30 (3:3). Шавкат Ҳалимов, 38 (4:3). Некрӯз Алиаҳмадов, 38 (5:3).
Тоҷикистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Фирӯз Бекмуродов – Раҳмоналӣ Шарифов, Шавкат Ҳалимов, Мансур Эргашев (капитан), Файзалӣ Сардоров.
Бозигарони эҳтиётӣ: Муродулло Алиқулов, Некрӯз Алиаҳмадов, Собирҷон Гуляков, Сиёвуш Қаюмов, Фирӯз Сангов, Умед Мирзораҳимов, Иқбол Воситзода, Ҳотамшо Раҳмонов, Темур Исмоилов.
Узбакистон (панҷгонаи ибтидоӣ): Акмалҷон Ҳазратқулов – Алан Аминов, Машраб Одилов, Акбар Усмонов, Темур Содиров.
Бозигарони эҳтиётӣ: Рустам Умаров (капитан), Фирӯз Фахриддинов, Илҳомҷон Ҳамроев, Темур Содиров, Алишер Иброҳимов, Ихтиёр Рофиев, Темур Бердиев, Исломбек Бийтӯраев, Хушнур Эркинов, Ботирбек Ризоев, Ҳусниддин Нишонов, Анасхон Раҳматов.
Огоҳонида шуданд: Некрӯз Алиаҳмадов (Тоҷикистон), Илҳомҷон Ҳамроев, Темур Содиров (Узбакистон).
Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Тоҷикистон).
Комиссари бозӣ: Ҷовидон Ҳасанов (Тоҷикистон).
6 август. Гулистон. Маҷмааи варзишии «Шоҳин». 1000 тамошогар.
Ёдовар мешавем, мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал дар гурӯҳи “В” аз 15-ум то 17-уми октябри соли равон дар шаҳри Табризи Эрон доир хоҳад шуд. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар ин гурӯҳ бо тимҳои миллии Афғонистону Эрон рақобат мекунад.
Мусобиқа бо бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Афғонистон ва Эрон 15-уми октябр оғоз меёбад. Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобӣ 16-уми октябр муқобили тими Афғонистон анҷом медиҳад.
Сабқати интихобӣ дар гурӯҳи “В” рӯзи 17-уми октябр бо бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Эрон ва Тоҷикистон ба поён мерасад. Ду дастаи беҳтарини ин гурӯҳ ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 6-ум то 18-уми феврали соли 2018 баргузор мешавад, роҳ меёбад.
Мунтахаби Узбакистон, ки дар мусобиқаи охирини қаҳрамонии Осиё бо медалҳои нуқра мукофотонида шудааст, дар сабқати интихобӣ бо дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Непал рақобат хоҳад кард.
Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 оид ба футзал. Сабқати интихобӣ
Минтақаи ҷанубӣ ва марказӣ. Гурӯҳи «В»
Макон – Табриз, Эрон.
Даври 1-ум
15 октябр (якшанбе)
Афғонистон – Эрон
Даври 2-юм
16 октябр (душанбе)
Тоҷикистон – Афғонистон
Даври 3-юм
17 октябр (сешанбе)
Эрон – Тоҷикистон