Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Хуҷанд” бар “Панҷшер” ва ССКА бар “Ҳосилот” ғолиб омаданд


Даври 15-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ 5-уми август бо ду бозӣ хотима ёфт. Дар ҳарду бозӣ муддаиёни медалҳои мусобиқа - «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ва ССКА «Помир»-и Душанбе пирӯзӣ ба даст оварданд.

«Хуҷанд» бар дастаи меҳмон - «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ҳарду голи мизбононро Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаҳои 20-ум ва 51-ум ба ҳадаф расонд. Як голи меҳмононро Шавкати Ҳотам дар дақиқаи 86-ум зад.

ССКА «Помир» дар меҳмонӣ «Ҳосилот»-и Фархорро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Голҳоро Абдухалил Боронов (дақиқаи 19-ум), Расул Файзов (66), Зоир Ҷӯрабоев (75) ва Хазу Ото (81) ба самар расонданд.

Ёдовар мешавем, ду бозии аввали даври 15-ум рӯзи 3-юми август баргузор шуда буд. «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро легионери русиягӣ Дмитрий Барков дар дақиқаи 52-юм ба ҳадаф расонд.

Бо ҳамин ҳисоб «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ «Барқчӣ»-и Ҳисорро мағлуб сохт. Тӯбро нимҳимоятгари меҳмонон Саидмухтор Азимов дар дақиқаи 28-ум ба дарвозаи дастааш зад.

Дар ҳамин ҳол дастаи “Истиқлол”, ки дар 14 бозӣ 36 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаи «Хуҷанд» бо 27 имтиёз дар зинаи дувум ва ССКА «Помир» бо 25 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Дар байни нишонзанҳо ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов, ки 13 гол задааст, дар ҷойи аввал мебошад.

Ду бозии даври 16-уми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 12-уми август баргузор мешавад. «Вахш» дар майдони худ бо «Панҷшер» ва ССКА «Помир» бо «Хуҷанд» рақобат мекунанд. Як бозии дигари даври 16-ум рӯзи 14-уми август миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор барпо мегардад.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи имсола миёни дастаҳои лигаи олӣ дар шакли нав сурат гирифтааст. Мусобиқа аз се давра иборат аст ва ҳар як даста ҳамагӣ 21 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастае, ки дар зинаи охирин, яъне ҳаштум қарор мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки мақоми пеш аз охирин, яъне ҳафтумро соҳиб мешавад, барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал ду бозӣ анҷом хоҳад дод.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 15-ум

3 август (панҷшанбе)

«Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ» – 1:0

Гол: Саидмухтор Азимов, 28 – ба дарвозаи худ.

Огоҳонида шуданд: Миралӣ Муродов («Регар-ТадАЗ»), Мӯҳсинҷон Парпиев, Зиёвуддин Фузайлов, Ҳусейн Нурматов («Барқчӣ»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

3 август. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1500 тамошогар.

«Истиқлол» – «Вахш» – 1:0

Гол: Дмитрий Барков, 52.

Огоҳонида шуданд: Александр Стетсенко («Истиқлол»), Ҳасан Рустамов, Алишер Баротов («Вахш»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

3 август. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1500 тамошогар.

5 август (шанбе)

«Ҳосилот» – ССКА «Помир» – 0:4

Голҳо: Абдухалил Боронов, 19 (0:1). Расул Файзов, 66 (0:2). Зоир Ҷӯрабоев, 75 (0:3). Хазу Ото, 81 (0:4).

Огоҳонида шуданд: Сӯфишариф Шарифов, Азизбек Раҷабов, Ҷамшед Умаров («Ҳосилот»), Орзу Додхудоев (ССКА «Помир»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Фирдавс Чақалов (ССКА «Помир»).

Сардовар: Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа).

5 август. Фархор. Варзишгоҳи марказӣ. 2500 тамошогар.

«Хуҷанд» – «Панҷшер» – 2:1

Голҳо: Давронҷон Тухтасунов, 20 (1:0). Давронҷон Тухтасунов, 51 (2:0). Шавкати Ҳотам, 86 (2:1).

Огоҳонида шуданд: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шавкат Худойназаров, Беҳрӯз Ниёзов, Акрам Қурбонов, Алишер Салимов («Панҷшер»).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Давронҷон Тухтасунов («Хуҷанд»).

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

5 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 2500 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

14

11

3

0

43-7

36

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

15

8

3

4

30-13

27

3

ССКА «Помир» (Душанбе)

15

6

7

2

14-8

25

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

15

4

5

6

10-15

17

5

«Барқчӣ» (Ҳисор)

14

4

4

6

9-16

16

6

«Ҳосилот» (Фархор)

15

4

3

8

13-33

15

7

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

15

4

2

9

18-30

14

8

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

15

2

5

8

9-24

11

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 8 тӯб, Фарҳод Тоҳиров, Давронҷон Тухтасунов (ҳарду – «Хуҷанд») – 7-тӯбӣ.

Даври 16-ум

12 август (шанбе)

Оғози бозиҳо - соати 17:30

«Вахш» – «Панҷшер»

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

ССКА «Помир» – «Хуҷанд»

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ

14 август (душанбе)

Оғози бозӣ - соати 20:00

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»

Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ

XS
SM
MD
LG