Давраи севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ бегоҳи имрӯз, 3-юми август, шуруъ мешавад.
Шоми панҷшанбе ду бозии даври 15-ум миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода – «Барқчӣ»-и Ҳисор барпо мегардад.
Дар ду бозии дигар рӯзи шанбе, 5-уми август, «Ҳосилот»-и Фархор бо ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рақобат мекунанд.
Дар ҳамин ҳол дастаи “Истиқлол”, ки дар 13 бозӣ 33 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Дастаи «Хуҷанд» бо 24 имтиёз дар зинаи дувум ва ССКА «Помир» бо 22 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд.
Дар байни нишонзанҳо ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов, ки 13 гол задааст, дар ҷойи аввал мебошад. Ду ҷойи баъдиро ҳамлагарони «Хуҷанд» Дилшод Бозоров (8 гол) ва Фарҳод Тоҳиров (7 гол) аз они худ кардаанд.
Бояд тазаккур дод, мусобиқаи имсола миёни дастаҳои лигаи олӣ дар шакли нав сурат гирифтааст. Мусобиқа аз се давра иборат аст ва ҳар як даста ҳамагӣ 21 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастае, ки дар зинаи охирин, яъне ҳаштум қарор мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки мақоми пеш аз охирин, яъне ҳафтумро соҳиб мешавад, барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал ду бозӣ анҷом хоҳад дод.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
13 |
10 |
3 |
0 |
42-7 |
33 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
14 |
7 |
3 |
4 |
28-12 |
24 |
3 |
ССКА «Памир» (Душанбе) |
14 |
5 |
7 |
2 |
10-8 |
22 |
4 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
13 |
4 |
4 |
5 |
9-15 |
16 |
5 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
14 |
4 |
3 |
7 |
13-29 |
15 |
6 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
14 |
4 |
2 |
8 |
17-28 |
14 |
7 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
14 |
3 |
5 |
6 |
9-15 |
14 |
8 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
14 |
2 |
5 |
7 |
9-23 |
11 |
Даври 15-ум
3 август (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:30
«Истиқлол» – «Вахш»
«Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ»
5 август (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:30
«Ҳосилот» – ССКА «Помир»
«Хуҷанд» – «Панҷшер»
Магар аз занону модарони тлҷтк ҳам тарс доред? Магар хатар доранд? Чаноб куҷост меҳру ҳурмати шумо?? Дуне гузарон. Бтрармоед амнията ки модарони тоҷика даст назананд
Шуморо танхо кур ва кар номидан лозим асту бас! Ту манкурти косалес ба садяки Зеварбону намераси! ту хато аз зан зантари, хайфи ту барин косалес!! Аз дасти чунин ту барин нокасон имруз миллат хору залил асту гуломи як кавм!
Марди Худо кулобиера фиреб накунен дига, ба фиреби шумо дода намешаванд.
Эй Марди Худо ба ҷои он, ки шаҳрвандонро ба кашмакашиҳо даъват менамои хубаш хомуш бош. Милати тоҷик якбор гуруснагиву, гурезагию бехонагиро аз сар гузаронидааст инҳам сабабаш ҳамон ҷанги шаҳрванди буд. Ба фикрам дигар ҷои гап нест. Тоҷикистон ба пеш
Ёдгор Файзовро az vazifa girifta vaya vai namekardand yagon notinji nameshud.