Кулул Қурбонов, аввалин қаиқрони тоҷик, ки чанд соли ахир бистарӣ буд, имрӯз, 2-юми август, дар Душанбе даргузашт.
Нодир Сафаров, дабири кулли Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, бо таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мураббии саршиноси тоҷик бар асари ҳамлаи қалбӣ дар синни 81- солагӣ аз олам чашм пӯшидааст.
Кулул Қурбонов 10-уми октябри соли 1936 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Ӯ аввалин қаиқрони тоҷик буд, ки солҳои 50-уми қарни гузашта дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба комёбиҳо мушарраф шудааст.
Вай соли 1957 дар мусобиқаи пурнуфузи “Дӯстии халқҳо” дар Қирғизистон дар қаиқронӣ дар каноэи дукаса (ҳамроҳи Саидмурод Ҳакимов) бомуваффақият ҳунарнамоӣ карда, дар байни варзишгарони Осиёи Миёна аввалин шуда меъёри устоди варзиши СССР-ро иҷро намудааст. Ӯ ҷоизадори бисёркаратаи Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Кулул Қурбонов, ки дар тарбияи шогирдон саҳми арзанда гузоштааст, бо унвони фахрии “Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон” мушарраф шуда буд. Ҷасади Кулул Қурбонов бегоҳи 2-юми август дар шаҳри Душанбе ба хок супурда мешавад.
Худованд чояшро чаннат кунад,cитораи дурахшони балетаи точик Малика Собирова,ман фахр мекунам, ки Маликаи точики мо дар замони Шурави сахнаи тчоикро ба фазои баланд ,бардоштааст.Парвардигоро гураш пурнур бошад,гузаштанашро аз Пули Сирот осон гардонад.Рухат шод бод Маликаи зебои точик,хонаи охиратат обод бод.
Набирают опыт. Чтобы Кыргызстан боялся
Бузургони ахли санати сатхи чахони, точикони сатхи Ибн Сино ва Мавлоно Руми дар сохаи худ. Рухашон шод бошад.
Ягона рохи кумак ба мардуми точикистон ин тарнимхоро нисбат ба рахмон ва оилааш ва тими ятимов ва рахимов мебошад. The only way to support the the human rights issues in Tajikistan is that the US along with others international community have to impose sanctions against rahmon and his family and the team of Yatimov and Rahimov. Otherwise its just words, we need actions
Агар бо мардум бо роххои конуни ва осоишта муомила НАКАРДЕД?!ба муборизахои ЧИРИКИ нисбататон аз чониби мардум ОМОДА бошед!!!Таьрих СОБИТ кардааст муборизаи ЧИРИКИ(партизани)ба маротиб ба чониби мукобил ГАРОНТАР аз муборизахои РУИРОСТ меафтад!!!Чирикихои солхои1941-1945ин гуфтахои манро ИСБОТ кардаанд ин тахдид НЕСТ ин ХУШДОРИ бародарона аст.