Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси якмоҳа рӯзи 29-уми июл бо бозиҳои даври чордаҳум аз сар гирифта шуд ва мубориза барои медалҳо идома хоҳад кард.
Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи шанбе дар майдони худ тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Голи ягонаро Акрам Қурбонов дар дақиқаи 42-юм ба ҳадаф расонд. Зимнан, ин аввалин бозии “Регар-ТадАЗ” таҳти раҳбарии Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев пас аз ба вазифаи сармураббии даста таъин шудани ӯ буд.
Инчунин 29-уми июл ССКА «Помир»-и Душанбе бозиро бо «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Ҳасан Рустамов, бозигари нави «Вахш», дар нимаи аввали дидор аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Фирдавс Чақалов дар дақиқаи 57-ум ба самар расонд. Ҳарчанд бозӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, дар ин дидор ССКА “Помир” мизбон буд, зеро ки бозии хонагии давраи аввалро «Вахш» муқобили ССКА “Помир” дар Душанбе гузаронида буд.
Рӯзи якшанбе, 30-юми июл, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки ҳайаташро бо бархе аз бозигарон пурзӯр кардааст, дар майдони худ ба дарвозаи «Ҳосилот»-и Фархор ҳафт голи беҷавоб зад. Давронҷон Тухтасунов ду гол, Манучеҳр Аҳмадов, Дилшод Бозоров, Фарҳод Тоҳиров, Ҷаҳонгир Эргашев ва Эҳсон Бобоев якголӣ заданд.
Бошгоҳи “Ҳосилот”-ро, ки аз аввали мавсим бо мушкили молӣ рӯбарӯст, ҳамаи бозигарони асосӣ тарк намуданд. Бинобар ин, дар бозӣ муқобили “Хуҷанд” дар ҳайати “Ҳосилот” футболбозони ҷавони даста бозӣ карданд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, боз як бозии даври чордаҳум миёни дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Истиқлол»-и Душанбе, ки бар асоси тақвими мусобиқа бояд 30-юми июл баргузор мешуд, ба муҳлати дертар гузаронида шудааст. Сабабаш иштироки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочии Русия мебошад, ки ҳайати дастаро аслан бозигарони “Барқчӣ” ташкил медоданд.
Бояд тазаккур дод, мусобиқаи имсола миёни дастаҳои лигаи олӣ дар шакли нав сурат гирифтааст. Мусобиқа аз се давра иборат аст ва ҳар як даста ҳамагӣ 21 бозӣ анҷом медиҳад. Бар асоси дастури мусобиқа дастае, ки дар зинаи охирин, яъне ҳаштум қарор мегирад, лигаи олиро тарк менамояд. Дастае, ки мақоми пеш аз охирин, яъне ҳафтумро соҳиб мешавад, барои нигоҳ доштани мавқеаш дар лигаи олӣ бо ҷоизадори нуқраи лигаи аввал ду бозӣ анҷом хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол дастаи “Истиқлол”, ки дар 13 бозӣ 33 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад. Шогирдони Мӯҳсин Муҳаммадиев дар 10 бозӣ пирӯз шуда, се бозиро бо натиҷаи мусовӣ анҷом додаанд. Зимнан, “Истиқлол” ягона дастаест, ки то ҳоло ба мағлубият дучор нашудааст.
Дастаи «Хуҷанд» бо 24 дар зинаи дувум ва ССКА «Помир» бо 22 имтиёз дар зинаи севум ҷойгир шудаанд. Дастаи «Барқчӣ» бо 16 имтиёз ҷойи чаҳорумро касб кардааст.
Дар байни нишонзанҳо ҳамлагари «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов, ки 13 гол задааст, дар ҷойи аввал мебошад. Ду ҷойи баъдиро ҳамлагарони «Хуҷанд» Дилшод Бозоров (8 гол) ва Фарҳод Тоҳиров (7 гол) аз они худ кардаанд.
Давраи севуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 3-юми август шуруъ мешавад. Рӯзи панҷшанбе ду бозии даври 15-ум миёни дастаҳои «Истиқлол» – «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ» барпо мегардад. Дар ду бозии дигар рӯзи шанбе, 5-уми август, «Ҳосилот» бо ССКА «Помир» ва «Хуҷанд» бо «Панҷшер» рақобат мекунанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 14-ум
«Панҷшер» – «Регар-ТадАЗ» – 1:0
Гол: Акрам Қурбонов, 42.
Аз майдон хориҷ шуд: Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), 90+3 – дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ.
Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).
29 июл. Ҷалолиддини Балхӣ. Варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов. 4000 тамошогар.
ССКА «Помир» – «Вахш» – 1:1
Голҳо: Ҳасан Рустамов, 45+2 – аз пеналтӣ (0:1), Фирдавс Чақалов, 57 (1:1).
Огоҳонида шуданд: Идибек Ҳабибуллоев, Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»), Худойдод Узоқов, Умарҷон Шарифов, Азимҷон Раҳмонов, Ҳасан Рустамов («Вахш»).
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
29 июл. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 500 тамошогар.
30 июл (якшанбе)
«Хуҷанд» – «Ҳосилот» - 7:0
Голҳо: Манучеҳр Аҳмадов, 2 (1:0). Давронҷон Тухтасунов, 16 (2:0). Давронҷон Тухтасунов, 35 (3:0). Дилшод Бозоров, 65 (4:0). Фарҳод Тоҳиров, 79 (5:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 82 (6:0). Эҳсон Бобоев, 89 (7:0).
Огоҳонида шуданд: Руслан Раҳматов («Хуҷанд»), Ҷамшед Умаров, Сӯфишариф Шарифов («Ҳосилот»).
Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
30 июл. Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон», 1200 тамошогар.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Душанбе) |
13 |
10 |
3 |
0 |
42-7 |
33 |
2 |
«Хуҷанд» (Хуҷанд) |
14 |
7 |
3 |
4 |
28-12 |
24 |
3 |
ССКА «Памир» (Душанбе) |
14 |
5 |
7 |
2 |
10-8 |
22 |
4 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
13 |
4 |
4 |
5 |
9-15 |
16 |
5 |
«Ҳосилот» (Фархор) |
14 |
4 |
3 |
7 |
13-29 |
15 |
6 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
14 |
4 |
2 |
8 |
17-28 |
14 |
7 |
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) |
14 |
3 |
5 |
6 |
9-15 |
14 |
8 |
«Вахш» (Қӯрғонтеппа) |
14 |
2 |
5 |
7 |
9-23 |
11 |
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 13 тӯб, Дилшод Бозоров («Хуҷанд») – 8 тӯб, Фарҳод Тоҳиров («Хуҷанд») – 7 тӯб.
Даври 15-ум
3 август (панҷшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:30
«Истиқлол» – «Вахш»
«Регар-ТадАЗ» – «Барқчӣ»
5 август (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17:30
«Ҳосилот» – ССКА «Помир»
«Хуҷанд» – «Панҷшер»