Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се голи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба дарвозаи Қазоқистон


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бо шикаст додани дастаи Қазоқистон (U-20) бо ҳисоби 3:0 дар аввалин мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочи бахшида ба Ҷоми ҷаҳон-2018 дар Русия мақоми севумро касб кард. Бозӣ барои медалҳои биринҷӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистону Қазоқистон шоми 28-уми июл дар майдони футболи маҷмааи варзишии “Планета чемпионов” (“Сайёраи қаҳрамонҳо”)-и шаҳри Сочи баргузор шуд.

Ин мусобиқа, ки дар Сочи аз 24-ум то 28-уми июл барпо гардид, барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешуд.

Ду голи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро Муҳаммадҷон Лоиқов, шогирди бошгоҳи футболи «Динамо»-и Минск, ба ҳадаф расонд. Як голи дигарро Отабек Каримов ба дарвозаи дастаи Қазоқистон ворид кард.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили дастаи Қазоқистон ибтидо бо чунин ҳайат ба майдон омада буд: Шоҳрух Қирғизбоев, Оятулло Сафаров, Ҳувайдо Малиев, Султоншо Мирзоев, Манучеҳр Сафаров, Шервонӣ Мабатшоев, Мунир Давлатбеков, Отабек Каримов, Далер Ёдгоров, Тоҳир Малодӯстов, Муҳаммадҷон Лоиқов.

Дастаи мунтахаби ҷавонони кишвари Краснодари Русия (U-20), ки 28-уми июл дар бозии ниҳоӣ бар тими Арманистон (U-19) бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд, ғолиби аввлин мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочи гардид.

Ёдовар мешавем, дар сабқати гурӯҳӣ футболбозони ҷавони тоҷик ду бозиро бо дастаҳои кишвари Краснодар (2:2) ва Қазоқистон (0:0) бо натиҷаи мусовӣ анҷом дода, аз мунтахаби Арманистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуда буданд.

Ин мусобиқа, ки дар Сочи аз 24-ум то 28-уми июл барпо гардид, барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешуд.

Зимнан, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат мегирад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Узбакистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Молдив рақобат мекунад. Даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 роҳ меёбанд.

Натоиҷи бозиҳои мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочи (U-20):

Даври 1-ум

24 июл (душанбе)

Қазоқистон– Арманистон - 2:2

Тоҷикистон – кишвари Краснодар – 2:2

Даври 2-юм

25 июл (сешанбе)

Тоҷикистон – Арманистон – 2:4

Кишвари Краснодар – Қазоқистон – 1:0

Даври 3-юм

27 июл (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Қазоқистон – 0:0

Арманистон – кишвари Краснодар -1:1

28 июл (ҷумъа)
Бозӣ барои ҷойи севум

Тоҷикистон – Қазоқистон – 3:0

Бозии ниҳоӣ
Арманистон – Кишвари Краснодар – 1:3

Мавқеи дастаҳо дар ҷамъбасти мусобиқа:

1. Кишвари Краснодар
2. Арманистон
3. Тоҷикистон
4. Қазоқистон

XS
SM
MD
LG