Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Қазоқистон дар Сочи


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) бозии севумашро дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочи бо мунтахаби Қазоқистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Ин бозӣ 27-уми июл дар майдони маркази варзишии «Планета Чемпионов» (“ Сайёраи Қаҳрамонҳо”)-и шаҳри Сочии Русия баргузор шуд. Бозии дигар даври севуми сабқати гурӯҳӣ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арманистон ва кишвари Краснодари Русия бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.

Баъди натиҷагирии сабқати гурӯҳӣ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арманистон ва кишвари Краснодар бо панҷимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои якуму дувуми ҷадвал ҷойгир шуданд. Дастаҳои Қазоқистону Тоҷикистон бо дуимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум қарор гирифтанд.

Ба ин тартиб, дастаҳои мунтахаби Арманистон ва кишвари Краснодар ба финал баромаданд. Дастаҳои Қазоқистону Тоҷикистон бошанд, барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Ин мусобиқа, ки 28-уми июл анҷом меёбад, барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат мегирад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Узбакистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Молдив рақобат мекунад. Даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 роҳ меёбанд.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочи (U-20)

Даври 3-юм

Тоҷикистон – Қазоқистон0:0

Тоҷикистон: Шоҳрух Қирғизбоев, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳувайдо Малиев, Султоншо Мирзоев, Ҳусейн Нурматов, Шервонӣ Мабатшоев, Саидмухтор Азимов, Отабек Каримов, Далер Ёдгоров, Муҳаммадҷон Лоиқов, Адҳамҷон Абдуллоев.

Ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Тоҳир Малодӯстов, Манучеҳр Сафаров, Мунир Давлатбеков, Оятулло Сафаров.

Арманистон – Кишвари Краснодар – 1:1

Натоиҷи бозиҳои мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочи (U-20)

Даври 1-ум

24 июл (душанбе)

Қазоқистон– Арманистон - 2:2

Тоҷикистон – кишвари Краснодар – 2:2

Даври 2-юм

25 июл (сешанбе)

Тоҷикистон – Арманистон – 2:4

Кишвари Краснодар – Қазоқистон – 1:0

Даври 3-юм

27 июл (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Қазоқистон – 0:0

Арманистон – кишвари Краснодар -1:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арманистон

3

1

2

0

7-5

5

2

Кишвари Краснодар

3

1

2

0

4-3

5

3

Қазоқистон

3

0

2

1

2-3

2

4

Тоҷикистон

3

0

2

1

4-6

2

28 июл (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи севум

Тоҷикистон - Қазоқистон

Бозии ниҳоӣ

Арманистон – Кишвари Краснодар

XS
SM
MD
LG