«ДИСИ Инвест»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар бозии севумаш дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017, ки рӯзи 25-уми июл дар шаҳри Ҳошимини Ветнам баргузор шуд, аз тими «Вамос»-и Индонезия бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрд.
Голҳои «ДИСИ Инвест»-ро Меҳрубон Тиллозода ва Фирӯз Бекмуродов ба ҳадаф расонданд. Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи «Нафит Ал-Васат» бар «Ал-Райян» бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад.
«ДИСИ Инвест» ба гурӯҳи «В» шомил буд. Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон финалисти мусобиқаи порсола –«Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Вамос»-и Индонезия ва қаҳрамони Қатар – «Ал-Райян» - буданд. Қаҳрамони Тоҷикистон дар ду бозии пешин низ аз «Нафит Ал-Васат» (2:7) ва «Ал-Райян» (1:2) шикаст хӯрда буд. Ҳамин тариқ, “ДИСИ Инвест”, ки дар ҳарсе бозӣ ноком шуд, бидуни имтиёз дар ҷадвали гурӯҳи “В” дар зинаи охирин қарор гирифт. Аз ин гурӯҳ «Нафит Ал-Васат» ва «Ал-Райян» ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи гурӯҳӣ ҳамаи ҳашт дастаи ширкаткунандаи даври чорякниҳоӣ маълум шуданд. Дар 1/4 финал 27-уми июл «Чонбури Блювейв» (Тайланд) – «Шрикер Осака» (Ҷопон), «Саное Гити Пасанд» (Эрон) – «Бонки Бейрут» (Лубнон), «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Тай Сон Нам» (Ветнам) ва «Ал-Дхафра» (Имороти Муттаҳидаи Араб) – «Ал-Райян» (Қатар) рақобат мекунанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017 дар Ҳошимин то 30-юми июл идома меёбад.
Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2017 оид ба футзал
Гурӯҳи «В». Даври 3-юм
«Вамос» (Индонезия) – «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон) – 5:2
Голҳо: Андри Кустиаван, 2 (1:0). Андри Кустиаван, 8 (2:0). Меҳрубони Тиллозода, 8 (2:1). Андри Кустиаван, 19 (3:1). Алӣ Абедин, 31 (4:1). Алӣ Абедин, 34 (5:1). Фирӯз Бекмуродов, 39 (5:2).
«ДИСИ Инвест» (панҷгонаи ибтидоӣ): Зулфиқор Раҳмонов – Амин Насруллозода, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов, Бруно Сантяго Ҷонатан (капитан).
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Райян» (Қатар) – 4:2
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) |
3 |
3 |
0 |
0 |
17-7 |
9 |
2 |
«Ал-Райян» (Қатар) |
3 |
2 |
0 |
1 |
6-6 |
6 |
3 |
«Вамос» (Индонезия) |
3 |
1 |
0 |
2 |
9-10 |
3 |
4 |
«ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон) |
3 |
0 |
0 |
3 |
5-14 |
0 |
Марги ин 21 тифлакон ба марги хазорхо хазор калонсолон баробар аст. Чигархо хун мегиряд. Ин мотами як давлат нест азизон ин мотами башарият аст. Сад дарего.
Ин холро на танхо мардуми одди балки тарафдорони пешво низ доранд аммо дар телевизорхо аз кадом сиёсати дуредандешона дигару дигар таъриф мкунанд ки. Кани бинем хизматгорони президент чи мегуфта бошанд ба ин нарххо?
Дар болоравии нархи махсулоти ниёзи аввалия ахли мансаб ва хукуматдорон низ манфиатдоранд, вагарна ТОЧИКМАТЛУБОТ барои чи даркорай? Нарха назорат намекунанд!
Пешравии Тоҷикистон аз рушди иқтисодиёти он вобаста аст, он бошад ба истеҳсолот алоқаманд мебошад. Соҳибкорон ба ҷунбондани истеҳслот манфиатдор нестанд, чунки фишори Кодекси андоз ва хароҷоти дандоншикани барку об миёншикан аст. Ягона роҳи осону камхатар -хариду фуруши маҳсулоти хоричӣ мегардад, ки соҳибкорони моро ба компрадори манфиати иқтисодиёти давлатҳои хориҷӣ табдил додааст. Саргаҳи ин муаммо - Ҳукумати мо аст, ки сатҳи соҳибкасбии иқтисодиаш паст мебошад...
Экономист бгу ки аз дасти Кумитаи зиддиинхисори чи меояд? Тамоми бизнес азони хеши пешвоят. Щыгр чанг нест бгу