Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Арманистон 4 гол хӯрд


Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-20) бозии дувумашро дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочи ба дастаи Арманистон бо ҳисоби 2:4 бохт.

Бозӣ 25-уми июл дар майдони маркази варзишии «Планета Чемпионов» (“ Сайёраи Қаҳрамонҳо”)-и Сочи баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 18-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ Муҳаммадҷон Лоиқов, бозигари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, кушод. Вале то анҷоми нимаи аввали бозӣ арманиҳо се гол зада, ҳисобро ба нафъи худ карданд - 3:1. Баъди танаффус ҳаду даста якголӣ заданд. Голи Тоҷикистонро Атҳамҷон Абдуллоев, ки дар нимаи дувум ба майдон омад, ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигар дастаи кишвари Краснодари Русия мунтахаби ҷавонони Қазоқистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии ду даври мусобиқа дастаҳои мунтахаби ҷавонони Арманистону кишвари Краснодар бо чоримтиёзӣ пешқадаманд. Дастаҳои Қазоқистону Тоҷикистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум ҷойгир шудаанд.

Мусобиқа аз ду марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввал бозиҳо дар як давра барпо мегарданд. Дастаҳое, ки ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро мегиранд, ба марҳилаи дувум роҳ ёфта, дар бозии ниҳоӣ иштирок мекунанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои 3-юм ва 4-умро соҳиб мешаванд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

Шоми панҷшанбеи 27-уми июл бозиҳои даври севуми мусобиқа миёни дастаҳои Тоҷикистону Қазоқистон ва Арманистону кишвари Краснодар барпо мегарданд. Ин мусобиқа, ки то 28-уми июл идома меёбад, барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат мегирад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Узбакистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Молдив рақобат мекунад. Даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 роҳ меёбанд.

Мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочи (U-20)

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Арманистон – 2:4

Голҳои Тоҷикистон: Муҳаммадҷон Лоиқов (аз пеналтӣ), Атҳамҷон Абдуллоев.

Тоҷикистон: Ҳомидҷон Исоқов, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳувайдо Малиев, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Шервонӣ Мабатшоев, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков, Далер Ёдгоров, Муҳаммадҷон Лоиқов, Тоҳир Малодӯстов.

Ҳамдастаҳяшонро иваз карданд: Шоҳрух Қирғизбоев, Ҳусейн Нурматов, Атҳамҷон Абдуллоев, Саидмухтор Азимов, Султоншо Мирзоев.

Кишвари Краснодар – Қазоқистон – 1:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Арманистон

2

1

1

0

6-4

4

2

Кишвари Краснодар

2

1

1

0

3-2

4

3

Қазоқистон

2

0

1

1

2-3

1

4

Тоҷикистон

2

0

1

1

4-6

1

Тақвими бозиҳои мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочи (U-20)

Даври 1-ум

24 июл (душанбе)

Қазоқистон– Арманистон - 2:2

Тоҷикистон – кишвари Краснодар – 2:2

Даври 2-юм

25 июл (сешанбе)

Тоҷикистон – Арманистон – 2:4

Кишвари Краснодар – Қазоқистон – 1:0

Даври 3-юм

27 июл (панҷшанбе)

18:00 – Тоҷикистон – Қазоқистон

20:30 – Арманистон – кишвари Краснодар

28 июл (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи севум

Финал

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG