Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони синашон то 20-сола таркиб ёфтааст, таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев аввалин бозиашро дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочи бо дастаи кишвари Краснодари Русия бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.
Ҳарду голи мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадҷон Лоиқов, шогирди бошгоҳи “Динамо”-и Минск, ба самар расонд.
Бозии дигар низ миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Қазоқистон ва Арманистон бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочи бо дастаҳои Арманистон, Қазоқистон ва кишвари Краснодар рақобат мекунад. Бозиҳо дар майдонҳои маркази варзишии «Планета Чемпионов» (“Сайёраи Қаҳрамонҳо”) доир мешаванд.
Ин мусобиқа, ки то 28-уми июл идома меёбад, барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешавад.
Мусобиқа аз ду марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввал бозиҳо дар як давра барпо мегарданд. Дастаҳое, ки ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро мегиранд, ба марҳилаи дувум роҳ ёфта, дар бозии ниҳоӣ иштирок мекунанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои 3-юм ва 4-умро соҳиб мешаванд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.
Шоми имрӯз, 25-уми июл, бозиҳои даври дувуми мусобиқа миёни дастаҳои Тоҷикистону Арманистон ва Қазоқистону кишвари Краснодар барпо мегарданд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат мегирад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Узбакистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Молдив рақобат мекунад. Даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 роҳ меёбанд.
Мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочи
Даври 1-ум
Тоҷикистон – кишвари Краснодар – 2:2
Голҳои Тоҷикистон: Муҳаммадҷон Лоиқов (2).
Тоҷикистон: Ҳомидҷон Исоқов, Маҳмадзарифи Абдураҳим, Ҳувайдо Малиев, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров, Шервонӣ Мабатшоев, Отабек Каримов, Мунир Давлатбеков, Далер Ёдгоров, Муҳаммадҷон Лоиқов, Атҳамҷон Абдуллоев.
Ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Ҳусейн Нурматов, Тоҳир Малодӯстов, Саидмухтор Азимов.
Қазоқистон – Арманистон – 2:2
Тақвими бозиҳои мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочи
Даври 1-ум
24 июл (душанбе)
Қазоқистон– Арманистон - 2:2
Тоҷикистон – кишвари Краснодар – 2:2
Даври 2-юм
25 июл (сешанбе)
18:00 – Тоҷикистон – Арманистон
20:30 – кишвари Краснодар – Қазоқистон
Даври 3-юм
27 июл (панҷшанбе)
18:00 – Тоҷикистон – Қазоқистон
20:30 – Арманистон – кишвари Краснодар
28 июл (ҷумъа)
Бозӣ барои ҷойи севум
Финал
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.
Дар точикистон касера гуи думи сагат кач аст, думи говта ай вех мебра, мега ина говт дум надора. Америка санкция кна, думи журналиста ай вехш мебран.
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барҳам дода шавад. Кумитаи телевизион ва радио барҳам дода шуда, фаъолияти онҳо саҳҳомӣ ё хусусӣ гардонида шаванд. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо барҳам дода шавад. Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия барҳам дода шавад. Мақоми Сарвазир бекор карда шавад. Ба ҷойи президент ба хориҷи кишвар вазири корҳои хориҷӣ сафар кунад. Президент харҷи зиёд дорад. Иттифоқи нависандагон ҷамъиятӣ эълон карда шавад. Музди меҳнати сокинони буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ аз ҳар моҳ ба ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе таъин карда шавад. Хизмати ҳарбӣ аз ҳатмӣ-маҷбурӣ ба шартномавӣ иваз карда шавад. Омбудсмен шаҳрванди евросоюз ва аз хориҷи кишвар бошад. Судяи суди олӣ ба таври райъпурсӣ интихоб карда шавад. Ҳамагуна маҷлис дар дохили биноҳо манъ карда шавад, берун аз бино дар ҳавлӣ маҷлис карда шавад.
лутфан ба забони худ харф заданро омуз баъд ба бахси мадани якчо шавен!
Таманно дорам, ки сулҳу амонӣ дар Точикистони мо пойдор бошад! Касеки мехохад осудагии давлати тинчи амонии моро халадор мекунад ё кардани аст хатман чазояшро мегирад.
Мардуми азизи Бадахшон ба сулху салох дар Ватани азизамон эхтиром гузоред. Шумо мардуми поки ориёнажод хастед ва мардуми Точикистон аз мардуми Бадахшон ва Бадахшонзамин ифтихори зиёде доранд.