Пайвандҳои дастрасӣ

"ДИСИ Инвест" аз ҳаққи ширкат дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё маҳрум шуд


«ДИСИ Инвест»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар бозии дувумаш дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017, ки рӯзи 23-уми июл дар шаҳри Ҳошимини Ветнам баргузор шуд, аз тими «Ал-Райян»-и Қатар бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва шонси ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанро аз даст дод.

Голи ягонаи «ДИСИ Инвест»-ро легионери эронӣ Амин Насруллозода ба ҳадаф расонд. «ДИСИ Инвест» ба гурӯҳи «В» шомил аст. Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон финалисти мусобиқаи порсола – дастаи «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, тими «Вамос Матарам»-и Индонезия ва қаҳрамони Қатар – бошгоҳи «Ал-Райян» - мебошанд. Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи «Нафит Ал-Васат» бар «Вамос Матарам» бо ҳисоби 6:3 ғолиб омад.

«ДИСИ Инвест» таҳти раҳбарии мутахассиси эронӣ Ҳусейн Афзалӣ дар даври севум 25-уми июл бо «Вамос Матарам» (оғози бозӣ соати 14:30 ба вақти Душанбе) рӯбарӯ хоҳад шуд. Ин бозӣ дар маҷмааи варзишии «Phu Tho»-и Ҳошимин барпо мегардад.

Аз рӯи натиҷагирнии ду даври мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2017 оид ба футзал чаҳор даста – «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, «Ал-Райян»-и Қатар (гурӯҳи «В»), «Шрикер Осака»-и Ҷопон ва «Саное Гити Пасанд»-и Эрон (гурӯҳи «С») – пешакӣ ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2017 оид ба футзал, ки то 30-юми июл дар Ветнам баргузор мешавад, ҳамагӣ 14 даста иштирок мекунад. Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҳайати «ДИСИ Инвест» дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Зулфиқор Раҳмонов, Муродулло Алиқулов;
Бозигарон: Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарифов, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гуляков, Меҳрубон Тиллозода, Умед Қӯзиев, Муҳаммад Раҳмонов, Мансур Эргашев, Шоҳрух Ҳамидов, Бруно Сантяго Ҷонатан (Бразилия), Амин Насруллозода (Эрон).
Сармураббӣ – Ҳусейн Афзалӣ (Эрон).

Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2017 оид ба футзал

Гурӯҳи «В». Даври 2-юм

«ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон) – «Ал-Райян» (Қатар) – 1:2

Голҳо: Флавио Баррето Арантес, 2 (0:1). Лукас Оливейра, 17 (0:2). Амин Насруллозода, 30 (1:2).

«ДИСИ Инвест» (Душанбе, Тоҷикистон): Муродулло Алиқулов – Амин Насруллозода, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов, Бруно Сантяго Ҷонатан (капитан).

«Вамос» (Индонезия) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – 3:6

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ал-Райян» (Қатар)

2

2

0

0

4-2

6

2

«Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

2

2

1

0

13-5

6

3

«Вамос» (Индонезия)

2

0

0

2

4-8

0

4

«ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон)

2

0

0

2

3-9

0

Даври 3-юм

25 июл (сешанбе)

14:30 – «Вамос» (Индонезия) – «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон)

17:00 – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Райян» (Қатар)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳоба вақти Душанбе

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG