Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2018 маҳрум шуд


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки дар бозии охиринаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи “Е” аз тими Урдун бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум гашт.

Ин бозӣ шоми якшанбе 23-уми июл дар варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Ҳеврони Фаластин барпо гардид. Голҳоро Аҳмад Фавзӣ Маҳмуд ва Баха Файсал Муҳаммад дар нимаи дувуми бозӣ ба ҳадаф расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “Е” мунтахаби Фаластин бар дастаи Бангладеш бо ҳисоби 3:0 ғолиб шуд. Ҳарсе голро Маҳмуд Абуварда ба дарвозаи бангладешиҳо ворид кард.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали мусобиқа дастаи мунтахаби Фаластин бо ҳафт имтиёз мақоми аввалро касб кард. Урдун бо шаш имтиёз дувум шуд. Тоҷикистон бо чор имтиёз дар зинаи севум қарор гирифт. Бангладеш бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Аз гурӯҳи «Е» дастаҳои мунтахаби Фаластин ва Урдун ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Инчунин ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-23), ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир хоҳад шуд, ғолибони ғолибони нӯҳ гурӯҳ – Умон (гурӯҳи «A»), Ироқ (гурӯҳи «B»), Қатар (гурӯҳи «C»), Узбакистон (гурӯҳи «D»), Фаластин (гурӯҳи «E»), Австралия (гурӯҳи «F»), Кореяи Шимолӣ (гурӯҳи «G»), Малайзия (гурӯҳи «H») ва Кореяи Ҷанубӣ (гурӯҳи «I») роҳхат гирифтанд.

Аз сабаби он ки мунтахаби ҷавонони Чин дар гурӯҳи «J» ғолиб шуд, шаш дастаи беҳтарине, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро ишғол карданд, ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд. Инҳо дастаҳои Арабистони Саудӣ (гурӯҳи «B»), Сурия (гурӯҳи «C»), Урдун (гурӯҳи «E»), Тайланд (гурӯҳи «H»), Ветнам (гурӯҳи «I») ва Ҷопон (гурӯҳи «J») мебошанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23)

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «Е». Даври 3-юм

УРДУН – ТОҶИКИСТОН – 2:0

Голҳо: Аҳмад Фавзӣ Маҳмуд, 55 (1:0). Баха Файсал Муҳаммад, 68 (2:0).

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Ойбек Абдуғаффоров, Ваҳдат Ханонов, Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев, Кароматулло Саидов (Вайсиддин Сафаров, 52), Худойдод Узоқов (Шериддин Бобоев, 59), Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷони Ҳасан, Нозим Бобоҷонов (Азимҷон Раҳмонов, 80), Амирҷон Сафаров.

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Аҳмад Фавзӣ Маҳмуд (Урдун).

Сардовар: Шерзод Қосимов (Узбакистон).

Нозири доварон: Виктор Колпаков (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Дорҷӣ Минду (Бутан).

23 июл. Ҳеврон. Варзишгоҳи «Дура». 50 тамошогар.

ФАЛАСТИН – БАГЛАДЕШ – 3:0

Голҳо: Маҳмуд Абуварда, 8 (1:0). Маҳмуд Абуварда, 36 (2:0). Маҳмуд Абуварда, 90+1 (3:0).

23 июл. Ҳеврон. Варзишгоҳи «Дура». 500 тамошогар.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи “Е”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Фаластин

3

2

1

0

8-4

7

2

Урдун

3

2

0

1

11-3

6

3

Тоҷикистон

3

1

1

1

5-5

4

4

Бангладеш

3

0

0

3

1-13

0

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23)
Натоиҷи бозиҳои сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум
19 июл (чоршанбе)

Урдун – Бангладеш – 7:0
Тоҷикистон – Фаластин – 2:2

Даври 2-юм
21 июл (ҷумъа)

Бангладеш – Тоҷикистон – 1:3
Фаластин – Урдун - 3:2

Даври 3-юм
23 июл (якшанбе)

Урдун – Тоҷикистон – 2:0
Фаластин – Бангладеш – 3:0

XS
SM
MD
LG