Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бохти «ДИСИ Инвест» дар нахустин бозиаш дар қаҳрамонии футзали Осиё


Дастаи «ДИСИ Инвест»-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, дар аввалин бозиаш дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017, ки рӯзи 21-уми июл дар шаҳри Ҳошимини Ветнам баргузор шуд, аз тими «Нафит Аль-Васат»-и Ироқ бо ҳисоби 2:7 шикаст хӯрд.
Голҳои душанбегиҳоро Шавкат Ҳалимов ва легионери бразилиягӣ Бруно Сантяго Ҷонатан ба ҳадаф расонданд.

«ДИСИ Инвест» ба гурӯҳи «В» шомил аст. Рақибони қаҳрамони Тоҷикистон финалисти мусобиқаи порсола – дастаи «Нафит Ал-Васат»-и Ироқ, тими «Вамос Матарам»-и Индонезия ва қаҳрамони Қатар – бошгоҳи «Ал-Райян» - мебошанд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “В” дастаи «Ал-Райян» бар «Вамос Матарам» бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

«ДИСИ Инвест» таҳти раҳбарии мутахассиси эронӣ Ҳусейн Афзалӣ дар даври дувум 23-юми июл бо «Ал-Райян» (оғози бозӣ соати 14:30 ба вақти Душанбе) рақобат мекунад. Дар даври хотимавии сабқати гурӯҳӣ «ДИСИ Инвест» 25-уми июл бо «Вамос Матарам» (оғози бозӣ соати 14:30 ба вақти Душанбе) рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Phu Tho»-и Ҳошимин барпо мегарданд.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии Осиё-2017 оид ба футзал, ки то 30-юми июл дар Ветнам баргузор мешавад, ҳамагӣ 14 даста иштирок мекунад. Бар асоси дастури мусобиқа аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд.

Ҳайати «ДИСИ Инвест» дар мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017:
Дарвозабонҳо:
Фирӯз Бекмуродов, Зулфиқор Раҳмонов, Муродулло Алиқулов;
Бозигарон: Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарифов, Шавкат Ҳалимов, Собирҷон Гуляков, Меҳрубон Тиллозода, Умед Қӯзиев, Муҳаммад Раҳмонов, Мансур Эргашев, Шоҳрух Ҳамидов, Бруно Сантяго Ҷонатан (Бразилия), Амин Насруллозода (Эрон).
Сармураббӣ – Ҳусейн Афзалӣ (Эрон).

Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017:
Гурӯҳи «В». Даври 1-ум
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон) – 7:2
Голҳо: Шавкат Ҳалимов, 5 (0:1). Қудрат Баҳодурӣ, 5 (1:1). Қудрат Баҳодурӣ, 7 (2:1). Қудрат Баҳодурӣ, 17 (3:1). Қудрат Баҳодурӣ, 18 (4:1). Салим Файсал Обид, 31 (5:1). Қудрат Баҳодурӣ, 33 (6:1). Бруно Сантяго Ҷонатан, 33 (6:2). Рафид Ҳамид Исо, 37 (7:2).

«ДИСИ Инвест» (Душанбе, Тоҷикистон): Фирӯз Бекмуродов – Амин Насруллозода, Шавкат Ҳалимов, Дилшод Саломов, Бруно Сантяго Ҷонатан (капитан).

«Ал-Райян» (Қатар) – «Вамос» (Индонезия) – 2:1

Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2017:
Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
21 июл (ҷумъа)

«Ал-Райян» (Қатар) – «Вамос» (Индонезия) – 2:1
«Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон) – 7:2

Даври 2-юм
23 июл (якшанбе)

14:30 – «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон) – «Ал-Райян» (Қатар)
17:00 – «Вамос» (Индонезия) – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ)

Даври 3-юм
25 июл (сешанбе)

14:30 – «Вамос» (Индонезия) – «ДИСИ Инвест» (Тоҷикистон)
17:00 – «Нафит Ал-Васат» (Ироқ) – «Ал-Райян» (Қатар)

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG