Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар Бангладеш 


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар бозии дувумаш дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи “Е” бар тими Бангладеш бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Ин бозӣ шоми ҷумъаи 21-уми июл дар варзишгоҳи «Дура»-и шаҳри Ҳеврони Фаластин барпо гардид.

Дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Фаластин бо чоримтиёзӣ пешсафанд. Урдун бо се имтиёз дар зинаи севум ва Бангладеш бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудаанд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи мунтахаби Бангладеш хотима ёфт. Тӯбро дар дақиқаи 33–юм Соҳил Миа ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид кард. Футболбозони тоҷик дар нимаи дувум ташаббусро ба даст гирифта, ба дарвозаи рақибонашон се гол заданд. Голҳоро Амирҷон Сафаров, Нозим Бобоҷонов ва Зоир Ҷӯрабоев ба самар расонданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи “Е” мунтахаби Фаластин бар дастаи Урдун бо ҳисоби 3:2 ғолиб шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи “Е” 19-уми июл бо тими Фаластин бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дода буд.

Дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Фаластин бо чоримтиёзӣ пешсафанд. Урдун бо се имтиёз дар зинаи севум ва Бангладеш бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври охирини мусобиқаи интихобӣ дар гурӯҳи “Е” рӯзи якшанбеи 23-юми июл барпо мегарданд. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар вазишгоҳи «Дура»-и Ҳеврон бо дастаи Урдун рақобат мекунад. Ин бозӣ соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ (18:30 – ба вақти Душанбе) шуруъ мешавад. Бозии дигар миёни дастаҳои мунтахаби Фаластин ва Бангладеш соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.

Дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23), ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир хоҳад шуд, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ширкат меварзанд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23)

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «Е».Даври 1-ум

БАНГЛАДЕШ – ТОҶИКИСТОН – 1:3

Голҳо: Соҳил Миа, 33 (1:0). Амирҷон Сафаров, 55 (1:1). Нозим Бобоҷонов, 67 (1:2). Зоир Ҷӯрабоев, 87 (1:3).

Тӯбро аз пеналтӣ ба ҳадаф нарасонд: Нозим Бобоҷонов (Тоҷикистон), 67 – дарвозабон.

Тоҷикистон: Беҳрӯз Хайриев, Ойбек Абдуғаффоров, Ваҳдат Ханонов, Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев, Вайсиддин Сафаров (Кароматулло Саидов, 90+2), Мӯҳсинҷон Парпиев (Худойдод Узоқов, 38), Муҳаммадҷони Ҳасан, Нозим Бобоҷонов, Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев (Эҳсони Панҷшанбе, 46).

Бозигари беҳтарини вохӯрӣ: Нозим Бобоҷонов (Тоҷикистон).

Сардовар: Чоримурод Қурбонов (Туркманистон).

Нозири доварон: Виктор Колпаков (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Ҷаясурия Де Силва (Шри-Ланка).

21 июл. Ҳеврон. Варзишгоҳи «Дура». 50 тамошогар.

ФАЛАСТИН – УРДУН – 3:2

Голҳо: Язан Ал-Араб, 19 (0:1). Муҳаммад Маҳмуд Ҳошим Ал-Разим, 31 (0:2). Ҳазим Абуҳаммад, 38 (1:2). Маҳмуд Юсуф, 66 (2:2). Баҳаа Вридат, 76 (3:2).

21 июл. Ҳеврон. Варзишгоҳи «Дура». 700 тамошгар.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23)
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум
19 июл (чоршанбе)

Урдун – Бангладеш – 7:0
Тоҷикистон – Фаластин – 2:2

Даври 2-юм
21 июл (ҷумъа)

Бангладеш – Тоҷикистон – 1:3
Фаластин – Урдун - 3:2

Даври 3-юм
23 июл (якшанбе)

18:30 – Урдун – Тоҷикистон
21:30 – Фаластин – Бангладеш
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Шарҳҳоро бинед (1)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG