Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон, ки аз ҳисоби бозигарони синашон то 20-сола таркиб ёфтааст, таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочии Русия ширкат меварзад.
Ин мусобиқа, ки аз 24-ум то 28-уми июл баргузор мешавад, барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 маҳсуб мешавад.
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар мусобиқаи байналмилалии дӯстона дар Сочи бо дастаҳои Арманистон, Қазоқистон ва кишвари Краснодар рақобат мекунад. Бозиҳо дар майдонҳои маркази варзишии «Планета Чемпионов» (“Сайёраи Қаҳрамонҳо”) доир мешаванд.
Мусобиқа аз ду марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввал бозиҳо дар як давра барпо мегарданд. Дастаҳое, ки ҷойҳои 1-ум ва 2-юмро мегиранд, ба марҳилаи дувум роҳ ёфта, дар бозии ниҳоӣ иштирок мекунанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои 3-юм ва 4-умро соҳиб мешаванд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018, ки аз 31-уми октябр то 8-уми ноябри соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор барпо мегардад, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Узбакистон, Бангладеш, Шри-Ланка ва Молдив рақобат мекунад. Даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувумро ишғолкарда ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 роҳ меёбанд.
Тақвими бозиҳои мусобиқаи байналмилалӣ дар Сочи
Даври 1-ум
24 июл (душанбе)
18:00 – Қазоқистон– Арманистон
20:30 – Тоҷикистон – кишвари Краснодар
Даври 2-юм
25 июл (сешанбе)
18:00 – Тоҷикистон – Арманистон
20:30 – кишвари Краснодар – Қазоқистон
Даври 3-юм
27 июл (панҷшанбе)
18:00 – Тоҷикистон – Қазоқистон
20:30 – Арманистон – кишвари Краснодар
28 июл (ҷумъа)
Бозӣ барои ҷойи севум
Финал
Эзоҳ: замони оғози бозиҳо – ба вақти Душанбе.
Оре. Маълум. Барои ҳамин иҷозат намедиҳад
Масҷиди марказии пойтахт ба номи Имом Тирмизӣ (ё Ҳоҷӣ Яъқуб), воқеъ дар кӯчаи Шодмонӣ, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва биноҳои атрофи он пас аз ифтитоҳи масҷиди бузурги қатарӣ, вайрону валангор карда мешавад. Ба ҷойи он бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Ин сахна барои мо мардуми точик даркор нест,манкуртиён ин таърихи мугулу ,кыргизхо хастанд,ки двалати Сомониёнро точикорно бархам додаги,чи лозим дар театри точик намоиши ин маркут?Дар бораи тахрихи точик сахна кунел,Айни романи Дохунда ,Чалол Икроми Духтар оташ ,мархамат мо бо як эхсосот рози хастем .
Манкурт и дар бораи чист?ва кист? каме тасавурот шахр медодед.таърихи кадом халк аст?
Даҳ сол пеш ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, президент санги асоси Театри миллии Тоҷикистонро гузошта, оғози корҳои сохтмониро фотиҳа дода буд. Истиқлолият 30-сола шуд, театр нимсохт, пули буҷет “обу лой”?!