Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Истиқлол” дар Тошканд се бозии контролӣ анҷом медиҳад


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар доираи ҷамъомади таълимиву тамриниаш, ки аз 24-ум то 30-юми июл дар Тошканд доир мешавад, се бозии контролӣ мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Истиқлол” бо се дастаи дивизиони олии қаҳрамонии Узбакистон –«Нефтчӣ»-и Фарғона (25 июл), «Динамо»-и Самарқанд (27 июл) ва «Машъал»-и Муборак (29 июл) – бозиҳои санҷишӣ мекунад. Ҳарсе бозӣ дар варзишгоҳи «Дӯстлик»-и Тошканд барпо мегардад.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббӣ Мӯҳсин Муҳаммадиев дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд тамрин мекунад. Дар ҷараёни ин ҷамъомад, ки то рӯзи 23-юми июл идома хоҳад кард, қаҳрамони Тоҷикистон бо дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Ин бозӣ рӯзи шанбеи 22 июл дар шаҳри Гулистон, дар майдони Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, соати 18:00 шурӯъ мешавад.

Бозиҳои контролии «Истиқлол» дар Тошканд

25 июл (сешанбе)

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) – «Нефтчӣ» (Фарғона, Узбакистон)

27 июл (панҷшанбе)

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) – «Динамо» (Самарқанд, Узбакистон)

29 июл (шанбе)

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон) – «Машъал» (Муборак, Узбакистон)

Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашии бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки ғолиби минтақаи Осиёи Марказӣ гардидааст, дар даври ниманиҳоӣ бо ғолиби минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рақобат мекунад.

Дар бозии ниҳоии минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ бошгоҳҳои «Хоум Юнайтед» (Сингапур) ва «Серес» (Филиппин) вориди рақобат мешаванд. Ин бозиҳо рӯзҳои 2-юм ва 9-уми август барпо мегарданд.

Дар бозии аввали ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми AFC-2017 «Истиқлол» 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» – «Серес» рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозии ҷавобӣ 12-уми сентябр ё дар Сингапур ва ё дар Филиппин баргузор мешавад.

Ҷоми AFC-2017

Минтақаи Ҷанубу Шарқӣ. Финал

Бозии аввал

2 август (чоршанбе)

«Хоум Юнайтед» (Сингапур) – «Серес» (Филиппин)

Бозии ҷавобӣ

9 август (чоршанбе)

«Серес» (Филиппин) – «Хоум Юнайтед» (Сингапур)

Бозиҳои ниманиҳоии байниминтақавӣ

Бозиҳои аввал

22 август (сешанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур)/«Серес» (Филиппин)

23 август (чоршанбе)

«Бенгалуру» (Ҳиндустон) – «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ)

Бозиҳои ҷавобӣ

12 сентябр (сешанбе)

Ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур)/«Серес» (Филиппин) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

13 сентябр (чоршанбе)

«25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) – «Бенгалуру» (Ҳиндустон)

XS
SM
MD
LG