Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бозии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо Фаластин


Имрӯз, 19-уми июл, дар шаҳри Ҳеврони Фаластин мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23) дар гурӯҳи “Е” бо ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони футболи Бангладеш, Тоҷикистон, Урдун ва Фаластин шуруъ мешавад.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон нахустин бозиашро шаби чоршанбе муқобили дастаи мизбон – Фаластин – анҷом медиҳад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Дура»-и Ҳеврон соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (21:30 – ба вақти Душанбе) оғоз меёбад. Футболбозони ҷавони тоҷик дар даври дувум 21 июл бо мунтахаби Бангладеш ва даври севум 23 июл бо дастаи Урдун рақобат мекунанд.

Дар ин гурӯҳ ҳакамони ФИФА Пранҷал Банерҷӣ (Ҳиндустон), Маҳмуд Салим Саид Ҳумайд Ал-Маҷорафӣ (Умон), Чоримурод Қурбонов (Туркманистон) ва Шерзод Қосимов (Узбакистон) сардоварони бозиҳо таъйин шудаанд.

Ёдовар мешавем, дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё (U-23), ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир хоҳад шуд, ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва 5 дастаи ҷойҳои дувумро ишғолкарда аз рӯи нишондодҳои беҳтарин ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Чин дар мусобиқаи интихобӣ берун аз озмун иштирок мекунад. Агар Чин дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд ва ё дар байни панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум қарор бигирад, онгоҳ дастаи шашум,ки дар мусобиқаи интихобӣ ҷойи дувумро мегирад, соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2018 мешавад.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар як нишасти хабарӣ рӯзи 18-уми июл дар Ҳеврон гуфтааст, ки дар ҳамин ҳол шонси ҳамаи дастаҳои гурӯҳи “Е” баробар аст. Вай афзудааст, “ҳар як даста мехоҳад, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ ёбад. Мо низ чунин мақсад дорем. Бинобар ин, ба ин бозӣ ва, умуман, ба мусобиқаи интихобӣ хуб омодагӣ дидем. Беш аз ду ҳафта дар Душанбе ва Ал-Айни Имороти Муттаҳидаи Араб тамрин карда, ду бозии санҷишӣ анҷом додем. Мо мусобиқаро бо бозӣ муқобили дастаи мизбони сабқати интихобӣ – Фаластин – шуруъ мекунем. Фаластиниҳо дар майдони худ бозӣ мекунанд, табиист, ки мехоҳанд ба даври баъдӣ роҳ ёбанд.”

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22):

Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Ҳосилот»), Беҳрӯз Хайриев («Барқчӣ»), Дилшод Додобоев («Хуҷанд»);

Ҳимоятгарон: Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Азимҷон Раҳмонов («Вахш»), Фирдавс Чақалов, Зоир Ҷӯрабоев (ҳарду – ССКА «Помир»), Зиёвуддин Фузайлов, Ваҳдат Ханонов (ҳарду – «Барқчӣ»), Доробҷон Эргашев («Регар-ТадАЗ»), Ойбек Абдуғаффоров («Ҳосилот»), Фаррух Фузайлов («Панҷшер»);

Нимҳимоятгарон: Нозим Бобоҷонов («Баҳрайн», Баҳрайн), Мӯҳсинҷон Парпиев, Кароматулло Саидов (ҳарду – «Барқчӣ»), Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Вайсиддин Сафаров («Сомон»), Далер Умаров, Худойдод Узоқов (ҳарду – «Вахш»);

Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарсе – «Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2018 (U-23)

Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи «Е»

Даври 1-ум

19 июл (чоршанбе)

18:30 – Урдун – Бангладеш

21:30 – Тоҷикистон – Фаластин

Даври 2-юм

21 июл (ҷумъа)

18:30 – Бангладеш – Тоҷикистон

21:30 – Фаластин – Урдун

Даври 3-юм

23 июл (якшанбе)

18:30 – Урдун – Тоҷикистон

21:30 – Фаластин – Бангладеш

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG