Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шамшербозӣ, ки аз 19-ум то 26-уми июл дар шаҳри Лейпсиги Олмон баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба ҳайати дастаи кишвар се варзишгар - Бекназар Нуров, Андрей Курганский ва Сергей Богданов – дохиланд.
Легионерҳо Андрей Курганский ва Сергей Богданов, ки дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебаранд, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд. Бекназар Нуров бошад, шогирди мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб мебошад ва барои бори аввал дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон иштирок менамояд.
Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ шамшербозон барои 12 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд. Рақобатҳои инфиродӣ ва дастаӣ миёни мардону занон дар навъҳои шпага, рапира ва сабля баргузор мешаванд. Намояндагони Тоҷикистон дар сабқати инфиродӣ байни мардон дар ду навъи шамшербозӣ - шпага ва сабля - рақобат мекунанд.
Зимнан, шамшербозӣ, ки дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон хеле рушд карда буд, дар даврони истиқлолияти давлатии кишвар азнав эҳё мешавад. Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон чанде пеш ба узвияти Федератсияи байналмилалии шамшербозӣ, ки ба он олигархи маъруф Алишер Усмонов аз Русия раҳбарӣ мекунад, пазируфта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар аҳди шӯравӣ варзишгари тоҷик Ҳусейн Исмоилов дар шамшербозӣ ба дастовардҳои бузург ноил шудааст. Ӯ чил сол муқаддам, моҳи июли соли 1977, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шамшербозӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Иттиҳоди Шӯравӣ дар пойтахти Аргентина - шаҳри Буэнос-Айрес - дар рақобатҳои инфиродӣ бо медали тилло сарфароз гашта буд.