Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до миёни наврасону навҷавонон ва бузургсолон, ки рӯзҳои 13-16 июл дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона – баргузор шуд, танҳо як медали нуқра ба даст оварданд.
Ин медалро ба Тоҷикистон Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар мусобиқа миёни навҷавонон овард. Ӯ дар рақобатҳо дар навъи кумитэ дар вазни зери 55 кило баъди ду пирӯзӣ бар Артём Пак (Қирғизистон) ва Каушак Аравинд (Ҳиндустон), дар даври ниманиҳоӣ Масаки Ямаокаи ҷопониро шикаст дод. Вале Ҳоҷиқурбон дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Муктӣ Ваҳу (Индонезия) мағлуб гашт.
Дар ин мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Остона беш аз 700 варзишгар аз 30 кишвари қора барои 70 маҷмӯи медалҳо миёни наврасону навҷавонон (аз 14 то 20-сола) ва бузургсолон (аз 20-сола боло) рақобат карданд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 варзишгар дохил буд. Ба ҷуз Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, аз байни онҳо чор нафар натиҷаи хубтар нишон доданд. Нигина Давлатова дар вазни зери 53 кило миёни духтарон, Мухторшайх Файзуллоев дар вазни беш аз 84 кило миёни ҷавонони то 21-сола, Фарангис Баҳромзода дар вазни зери 68 кило, Шероз Икромов дар вазни зери 84 кило миёни бузургсолон ҷойҳои панҷумро гирифтанд. Инчунин Умед Сафаров дар вазни зери 76 кило, Сайёд Ғафуров дар вазни зери 60 кило миёни навҷавонон ва Фирӯза Мақсудова дар вазни беш аз 68 кило миёни бузургсолон ҷойҳои ҳафтумро касб карданд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Эрон бо 20 медали тилло, 12 нуқра ва 10 биринҷӣ ғолиб шуд. Дастаи Ҷопон (16-8-14) дар мақоми дувум ва мунтахаби Қазоқистон (8-6-13) дар мақоми севум қарор гирифтанд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали нуқра мақоми 15-умро азони худ кард.
Бояд гуфт, ки каратэ-до ба рӯйхати намудҳои олимпии варзиш дохил шудааст, бинобар ин дар ин мусобиқаи қаҳрамонии қитъавӣ варзишгарон барои феҳристи ҷаҳонӣ имтиёзҳо ба даст оварданд.
Муҳаммад Бодаков, сармураббии дастаи мунтахаби каратэ-дои Тоҷикистон, дар як суҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин намуд дар Тоҷикистон бахусус миёни наврасону ҷавонон маъруфият пайдо кардааст. Вай афзуд, “маънои каратэ, ки ҳунари размии ҷопонист, муҳориба бо дастони холӣ мебошад. Ин намуди варзиш дар Тоҷикистон пас аз таъсиси Федератсияи каратэ-до соли 1992 ривоҷ ёфт. Аз ҳамон сол Федератсияи миллӣ узви Федератсияи ҷаҳонии каратэ (WKF) ва узви Федератсияи каратэи Осиё (AKF) мебошад. Дар айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 3000 нафар наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш мунтазам машғул ҳастанд.”
Ба гуфтаи Бодаков, варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд. Чунончи, 7 нафар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар равияи “шотокан” ва 4 нафар дар равияи “шиторю” ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.