Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Бишкек панҷ медал гирифтанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни навҷавонон, ки бегоҳи имрӯз, 16-уми июл, дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – ба поён расид, як медали тилло, як нуқра ва се нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Раҳматуллобек Фарҳодов дар рақобатҳо дар вазни зери 81кило пас аз пирӯзӣ бар Амит Наин (Ҳиндустон), дар даври ниманиҳоӣ Ҳиромаса Касаҳараи ҷопониро шикаст дод. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҷавод Муродии эрониро мағлуб сохт ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.

Варзишгари дигари тоҷик Темур Раҳимов дар рақобатҳо дар вазни зери 100 кило баъди пирӯзӣ бар Тсетсентсенгел аз Муғулистон, дар даври ниманиҳоӣ бар Алӣ Парҳезгари эронӣ ғолиб омада, ба финал баромад. Вале Темур дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Ҳангал Одбаатари муғул шикаст хӯрд ва ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон медали нуқра овард.

Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило баъди ғолибият бар Ҳай Ба Нгуен аз Ветнам, дар даври баъдӣ аз намояндаи Ҷопон Кенши Ҳарада шикаст хӯрд. Сипас ӯ дар мубориза барои медали биринҷӣ аввал бар Ҷаъфар Фирӯзободии эронӣ ва баъдан бар Сунггат Жубаткани қазоқ пирӯз шуд.

Гуштигири дигари тоҷик Эраҷ Абдуллоев дар вазни зери 73 кило баъди ду ғалаба бар Ҷаесик Ан (Кореяи Ҷанубӣ) ва Шо Катсубе (Ҷопон), дар даври ниманиҳоӣ аз Мӯсо Собиров (Узбакистон) мағлуб гашт. Эраҷ барои ҷойи севум Исҳон Амонови қирғизро шикаст дод.

Ҳоҷимашраб Раҳмонов дар вазни зери 90 кило дар даври муқаддамотӣ аз Коши Нагаи (Ҷопон) мағлуб гашт. Дар мубориза барои ҷойи севум аввал бар Кишал Каллаппа Лоҳар (Ҳиндустон) ва баъдан бар Анҳ Таи Ли (Ветнам) ғолиб омада, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Дар сабқати навҷавонон Муҳаммадбек Фарҳодов дар вазни беш аз 100 кило ҷойи панҷум ва Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 100 кило мақоми ҳафтумро касб карданд. Инчунин дар сабқати духтарон дар вазни зери 57 кило Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд.

Вале панҷ гуштигири тоҷик - Cомон Аламов (- 55 кг), Олим Назриев (-60 кило), Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг) ва дар сабқати навҷавонон ва Шукрона Қарчиева (-48 кг), Ойишабону Қурбоналиева (-52 кг) дар сабқати духтарон дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуданд.

Дар мусобиқаи навҷавонон 177 варзишгар (106 писар ва 71 духтар) аз 17 кишвар ширкат доштанд. Баъди ҷамъбасти мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо 5 медали тилло ва 6 нишони биринҷӣ ҷойи аввалро азони худ кард. Дастаи Кореяи Ҷанубӣ (3-3-2) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон (3-1-5) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ мақоми ҳафтумро касб намуд.

XS
SM
MD
LG