Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни навҷавонон, ки имрӯз, 15-уми июл, дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд. Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз пирӯзӣ бар Ҳай Ба Нгуен аз Ветнам, дар даври баъдӣ аз намояндаи Ҷопон Кенши Ҳарада шикаст хӯрд. Сипас ӯ дар мубориза барои медали биринҷӣ аввал бар Ҷаъфар Фирӯзободии эронӣ ва баъдан бар Сунггат Жубаткани қазоқ пирӯз шуд.

Дар вазни зери 66 кило Артём Штурбабин (Узбакистон), ки дар финал бар рақибаш Алиризо Хуҷастаҳи эронӣ ғолиб омад, ба унвони қаҳрамони Осиё миёни навҷавонон даст ёфт.

Гуштигири дигари тоҷик Эраҷ Абдуллоев дар вазни зери 73 кило баъди ду ғалаба бар Ҷаесик Ан (Кореяи Ҷанубӣ) ва Шо Катсубе (Ҷопон), дар даври ниманиҳоӣ аз Мӯсо Собиров (Узбакистон) мағлуб гашт. Эраҷ барои ҷойи севум Исҳон Амонови қирғизро шикаст дод. Дар ин вазн Мӯсо Собиров, ки дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Батбод Булгани муғул дастболо шуд, ғолиб омад.

Дар сабқати навҷавонон дар рӯзи аввали рақобатҳо се гуштигири дигари тоҷик – Cомон Аламов (- 55 кг), Олим Назриев (-60 кило) ва Хаёмиддин Ҷабборов (-73 кг) – дар даври муқаддамотӣ ноком шуданд.

Дар сабқати духтарон Тоҷикистонро чаҳор нафар - Шукрона Қарчиева (-48 кг), Ойишабону Қурбоналиева (-52 кг), Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева (-57 кг) – намояндагӣ карданд. Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Шукрона Қарчиева ва Оишабону Қурбоналиева бошанд, дар даври аввал ба мағлубият дучор гаштанд.

Дар мусобиқаи навҷавонон 177 варзишгар (106 писар ва 71 духтар) аз 17 кишвар ширкат доранд. Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо се медали тилло ва чор биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Дастаи Узбакистон (2-4-2) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ (1-1-1) дар ҷойи севум қарор гирифтаанд. Дастаи Тоҷикистон бо ду медали биринҷӣ мақоми ҳаштумро касб кардааст.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни навҷавонон, ки рӯзи якшанбеи 16 июл дар Бишкек баргузор мешавад, боз панҷ варзишгари тоҷик - Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кг), Темур Раҳимов (-100 кг), Хуршед Маҷидов ва Муҳаммадбек Фарҳодов (+100 кг) – ширкат меварзанд.

XS
SM
MD
LG