Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ваҳдат” – ғолиби давраи аввали мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон


Давраи аввали мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон бо пирӯзии дастаи “Ваҳдат”-и шаҳри Ваҳдат ба поён расид. Футболбозони Ваҳдат, ки дар ҳашт бозӣ ғолиб шуда, се бозиро мусовӣ анҷом додаанд, бо 27 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор доранд.

Ҳоло дар мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон танаффус эълон шудааст.

Дастаи «Сомон»-и ноҳияи Данғара, ки 23 имтиёз ба даст овардааст, зинаи дувумро касб кардааст. Дарвоқеъ, «Ваҳдат» ва «Сомон» ду дастае мебошанд, ки дар давраи аввали мусобиқа ягон бозиро набохтаанд.

Ҷойҳои баъдиро дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Эсхата»-и Хуҷанд бо 22-имтиёзӣ ишғол кардаанд. Бо назардошти шумораи ғалаба “Кӯктош” пеш аз “Эсхата”, дар зинаи севум ҷойгир шудааст.

Ҳамлагар Ҷастис Агией Канкам, легионери дастаи «Маҳаллаи 83»-и Душанбе аз кишвари Ганаи Африқо, ки ба дарвозаи рақибонаш 14 тӯб задааст, дар сабқати беҳтарин нишонзанҳо дар мақоми аввал қарор дорад. Меҳроҷиддин Музаффаров, ҳамлагари дастаи «Ваҳдат», ки 13 гол ба самар расондааст, мақоми дувумро азони худ кардааст.

Ҳамакнун дар мусобиқаи лигаи якуми футболи Тоҷикистон танаффус эълон шудааст. Мусобиқа бо бозиҳои даври дувоздаҳум, ки рӯзҳои 3-4 август барпо мегарданд, идома хоҳад ёфт.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ваҳдат» (Ваҳдат)

11

8

3

0

29-9

27

2

«Сомон» (Данғара)

11

6

5

0

34-14

23

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

11

7

1

3

25-10

22

4

«Эсхата» (Хуҷанд)

11

6

4

1

21-11

22

5

«Саройкамар» (Панҷ)

11

5

4

2

15-9

19

6

«Маҳаллаи 83» (Душанбе)

11

6

0

5

25-20

18

7

«Локомотив-Помир» (Душанбе)

11

4

1

6

15-23

13

8

«Ҳулбук» (Восеъ)

11

3

4

4

17-19

13

9

«Равшан» (Кӯлоб)

11

3

0

8

16-40

9

10

«Зарбдор» (Исфара)

11

2

3

6

13-25

9

11

«Парвоз» – Фурудгоҳи Хуҷанд

11

1

2

8

9-22

5

12

«Зарафшон» (Панҷакент)

11

0

3

8

7-24

3

Нишонзанҳо: Ҷастис Агией Канкам («Маҳаллаи 83») – 14 тӯб, Меҳроҷиддин Музаффаров («Ваҳдат») – 13 тӯб.

Даври 12-ум

3 август (панҷшанбе)

«Саройкамар» – «Парвоз»

«Ваҳдат» – «Ҳулбук»

«Зарафшон» – «Сомон»

«Локомотив-Помир» – «Зарбдор»

4 август (ҷумъа)

«Равшан» – «Эсхата»

«Кӯктош» – «Маҳаллаи 83»

Оғози бозиҳо соати 17:00

XS
SM
MD
LG