Ҷаҳонгир Маҷидов, варзишгари тоҷик, дар рӯзи дувуми мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки имрӯз, 14-уми июл, дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – баргузор шуд, медали тилло ба даст овард.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар рақобатҳо дар вазни зери 81 кило пас аз пирӯзӣ бар Ҳаршприт Сингҳ аз Ҳиндустон, дар даври ниманиҳоӣ намояндаи Тайван Чин-Ан Ҳсуро шикаст дод ва ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Серикболсин Шинтас аз Қазоқистон ғолиб омад ва ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.
Ин дувумин медали наврасони тоҷик дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, Разиаллоҳ Лоиқов, варзишгари тоҷик, дар рӯзи аввали мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон дар Бишкек – 13-уми июл - медали тилло ба даст оварда буд. Вай дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Чинг Вонг аз Ҳонконг ва Достон Шойаҳмадов аз Қазоқистон, дар даври ниманиҳоӣ намояндаи дигари Қазоқистон Ислом Токтасинро шикаст дод ва ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Нурсалим Иличбек Уулу аз Қирғизистон дастболо шуд ва мақоми аввалро касб кард.
Дар ин мусобиқа ду варзишгари навраси тоҷик – Шарифбек Набиев дар вазни зери 50 кило ва Умед Асматуллобеков дар вазни зери 55 кило - ҷойҳои панҷумро соҳиб гаштанд. Абубакри Акобир дар вазни зери 90 кило мақоми ҳафтумро азони худ кард.
Вале панҷ намояндаи дигари Тоҷикистон – Cӯҳроб Алихонов (- 55 кг), Сафаралӣ Қурбонбеков (-60 кило), Абдулхайр Абдуллоев (-73 кг), Эмомризо Қурбонов (-90 кг) ва Шаҳбоз Тӯраев (+90 кг) дар даврҳои муқаддамотӣ ноком шуд, аз медалҳо бенасиб монданд.
Дар мусобиқаи наврасон 155 варзишгар (92 писар ва 63 духтар) аз 14 кишвар ширкат доштанд. Баъди натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо се медали тилло, се нуқра ва шаш биринҷӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд. Дастаи Кореяи Ҷанубӣ (3-1-2) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон (2-6-7) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Дастаи Тоҷикистон бо ду медали тилло мақоми шашумро касб кард.
Ҳамакнун варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни навҷавонон, ки рӯзҳои 15-16 июл дар Бишкек баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон 14 варзишгар дохил аст. Даҳ нафар - Сомон Аламов (-55 кг), Олим Назриев (-60 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-66 кг), Хаёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кг), Темур Раҳимов (-100 кг), Хуршед Маҷидов ва Муҳаммадбек Фарҳодов (+100 кг) – дар сабқати писарон ва чаҳор нафар - Шукрона Қарчиева (-48 кг), Ойишабону Қурбоналиева (-52 кг), Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева (-57 кг) – дар сабқати духтарон иштирок мекунанд.
Жолдошбек Колбаев, раиси Федератсияи миллии ҷудои Қирғизистон, рӯзи 13-уми июл дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё гуфтааст, ки барои иштирок дар ин мусобиқа ҳамагӣ 332 варзишгари солҳои таваллудашон 1997-2002 аз 18 кишвари қора ба Бишкек омадаанд. Гуштигирон дар маҷмааи варзишии «Газпром» барои 32 маҷмӯи медалҳо то рӯзи якшанбеи 16-уми июл мубориза мебаранд.