Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳоҷиқурбон Маҳмадов дар қаҳрамонии Осиё нуқра гирифт


Акс аз бойгонӣ.

Ҳоҷиқурбон Маҳмадов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до миёни навҷавонон дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона – медали нуқра ба даст овард.

Вай рӯзи 13-уми июл дар рақобатҳо дар навъи кумитэ миёни навҷавонон дар вазни зери 55 кило баъди ду пирӯзӣ бар Артём Пак (Қирғизистон) ва Каушак Аравинд (Ҳиндустон), дар даври ниманиҳоӣ Масаки Ямаокаи ҷопониро шикаст дод. Вале Ҳоҷиқурбон дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Мукти Ваҳу (Индонезия) мағлуб гашт. Варзишгари дигар тоҷик Умед Сафаров дар сабқати навҷавонон дар навъи кумитэ дар вазни зери 76 кило ҷойи ҳафтумро ишғол кард. Дар ин навъи рақобатҳо миёни духтарон Нигина Давлатова дар вазни зери 53 кило панҷум шуд.

Ҳоло дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Эрон бо 8 медали тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ дар мақоми аввал аст. Дастаи Ҷопон (6-4-6) дар мақоми дувум ва мунтахаби Қазоқистон (6-2-6) дар мақоми севум қарор доранд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали нуқра мақоми 12-умро касб кардааст.

Дар ин мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Остона беш аз 700 варзишгар аз 30 кишвари қора барои 70 маҷмӯи медалҳо миёни наврасону навҷавонон (аз 14 то 20-сола) ва бузургсолон (аз 20-сола боло) то рӯзи якшанбеи 16-уми июл рақобат мекунанд.

Ба иттилои Муҳаммад Бодаков, сармураббии дастаи мунтахаби каратэ-дои Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 23 варзишгар дохил аст: Сӯҳробҷон Каримов (-52 кг), Аслиддин Акбаров (-57 кг), Алишер Қаюмов (-70 кг) миёни наврасон; Ҳоҷиқурбон Маҳмадов (-55 кг), Муҳаммадёри Ҳикматулло (-61 кг), Абдуваҳҳоб Шарофов (-68 кг), Умед Сафаров (-76 кг), Нигина Давлатова (-55 кг) миёни навҷавонон; Сайёд Ғафуров (-60 кг), Қамар Қамаров (-67 кг), Мухторшайх Файзуллоев (+84 кг), Муҳайёи Музаффар (-50 кг) миёни ҷавонони то 21-сола, Мӯҳсин Раҳматов (-55 кг), Далер Баротов (-60 кг), Раҷаббек Раҳимов (-67 кг), Фаррухҷон Раҳимов (-75 кг), Бадриддин Умедов (+84 кг), Гулосори Сӯҳроб (-55 кг), Лола Лиситса (-61 кг), Фарангис Баҳромзода (-68 кг), Алан Болиев (кумитэ), Баҳодурхон Бобохонов (кумитэ), Фирӯза Мақсудова (+68, ката) миёни бузургсолон.

Бояд гуфт, ки каратэ-до ба рӯйхати намудҳои олимпии варзиш дохил шудааст, бинобар ин дар ин мусобиқаи қаҳрамонии қитъавӣ варзишгарон барои феҳристи ҷаҳонӣ имтиёзҳо ба даст меоранд.

Муҳаммад Бодаков дар як суҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки каратэ-до дар Тоҷикистон бахусус миёни наврасону ҷавонон маъруфият пайдо кардааст. Вай афзуд, “маънои каратэ, ки ҳунари размии ҷопонист, муҳориба бо дастони холӣ мебошад. Ин намуди варзиш дар Тоҷикистон пас аз таъсиси Федератсияи каратэ-до соли 1992 ривоҷ ёфт. Аз ҳамон сол Федератсияи миллӣ узви Федератсияи ҷаҳонии каратэ (WKF) ва узви Федератсияи каратэи Осиё (AKF) мебошад. Дар айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 3000 нафар наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш мунтазам машғул ҳастанд.”

Ба гуфтаи оқои Бодаков, варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд. Чунончи, 7 нафар дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар равияи “шотокан” ва 4 нафар дар равияи “шиторю” ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG