Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали тилои Разиаллоҳ дар қаҳрамонии ҷудои Осиё


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Разиаллоҳ Лоиқов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни наврасон, ки рӯзи 13-уми июл дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек – шуруъ шуд, медали тилло ба даст овард.

Ин аввалин медали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба шумор меравад. Разиаллоҳ Лоиқов дар рақобатҳо дар вазни зери 66 кило пас аз ду пирӯзӣ бар Чинг Вонг аз Ҳонконг ва Достон Шойаҳмадов аз Қазоқистон, дар даври ниманиҳоӣ намояндаи дигари Қазоқистон Ислом Токтасинро шикаст дод ва ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Нурсалим Иличбек Уулу аз Қирғизистон дастболо шуд ва мақоми аввалро касб кард.

Дар мусобиқаи наврасон 155 варзишгар (92 писар ва 63 духтар) аз 14 кишвар иштирок доранд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа ду варзишгари тоҷик – Шарифбек Набиев дар вазни зери 50 кило ва Умед Асматуллобеков дар вазни зери 55 кило ҷойҳои панҷумро соҳиб гаштанд. Вале ду намояндаи дигари Тоҷикистон – Cӯҳроб Алихонов дар вазни зери 55 кило ва Сафаралӣ Қурбонбеков дар вазни зери 60 кило дар даври муқаддамотӣ ноком шуданд.

Дар рӯзи дувуми сабқати наврасон – 14-уми июл – боз панҷ гуштигири тоҷик – Абдулхайр Абдуллоев (-73 кило), Ҷаҳонгир Маҷидов (-81 кило), Эмомризо Қурбонов, Абубакри Акобир (-90 кило) ва Шаҳбоз Тӯраев (+90 кило) – вориди рақобат мешаванд.

Дар мусобиқаи наврасон 155 варзишгар (92 писар ва 63 духтар) аз 14 кишвар ширкат доранд. Баъди натиҷагирии рӯзи аввали мусобиқа дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбакистон бо се медали тилло, як нуқра ва се биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Дастаи Муғулистон (1-3-2) дар ҷойи дувум ва мунтахаби Қазоқистон (1-1-5) да ҷойи севум қарор доранд. Дастаи Тоҷикистон бо як медали тилло мақоми шашумро касб кардааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё миёни навҷавонон дар Бишкек рӯзҳои 15-16 июл баргузор мешавад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби навҷавонони Тоҷикистон 14 варзишгар дохил аст. Даҳ нафар - Сомон Аламов (-55 кг), Олим Назриев (-60 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-66 кг), Хаёмиддин Ҷабборов, Эраҷ Абдуллоев (-73 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-90 кг), Темур Раҳимов (-100 кг), Хуршед Маҷидов ва Муҳаммадбек Фарҳодов (+100 кг) – дар сабқати писарон ва чаҳор нафар - Шукрона Қарчиева (-48 кг), Ойишабону Қурбоналиева (-52 кг), Шоҳида Қаландарова ва Фазилат Гулбоева (-57 кг) – дар сабқати духтарон ширкат меварзанд.

Жолдошбек Колбаев, раиси Федератсияи миллии ҷудои Қирғизистон, рӯзи 13-уми июл дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи қаҳрамонии Осиё гуфтааст, ки барои иштирок дар ин мусобиқа 332 варзишгари солҳои таваллудашон 1997-2002 аз 18 кишвари қора ба Бишкек омадаанд. Гуштигирони дар маҷмааи варзишии «Газпром» барои 32 маҷмӯи медалҳо то рӯзи якшанбеи 16-уми июл мубориза мебаранд.

XS
SM
MD
LG